Нест бод махалгарои! Сабабгори хамаи бадбахтихои Точикистони азизи мо!

Махалгарои ин - нафрат, гурур, фазои тира, парокандагии точик, заифи кишвар... ашти, бадахшони, бойсуни, бухорои, варзоби,  ванчи, вахони, дангараги, дарвози, душанбеги, ёвони, зарафшони,  истаравшани, исфараги, ишкошими, кангурти, конибодоми, масчохи, панчикенти, помири, рашти, ромити, рушони, самарканди, сухи, сугди, фалгари, файзободи, фархори, хатлони, ховалинги, хучанди, чусти, шугнони, язгуломи, ягноби, гарми, гозималики, гончиги,  хисори... агар дасти хамдигар нагиранд аз Точикистону миллате бо номи точик ному нишоне нахохад монд...

Душмани №1 точик - вируси М



     Точикон дар симои туркхо, славянхо, сионистон, пантуркистон, салибдорон… душманони хешро мечуйянд, холо он ки душман дар руху калби  хар як точик чун вирус манзил гирифтаасту афкору рафторашро пайваста зери назорат дорад, соаташ даррасад вирус ба амалхои густурдае даст хохад зад. Вирусе, ки миллату механаи точикро рухану чисман хароб месозад – М (махалгарои) ном дорад. Вируси М  ноаён миллату кишварро ба самти харобию порашавию муфлисию таназзул мебарад. Бегонагон бахри пиёдасозии хадафхои хеш  вируси мазкурро нихоят чирадастона истифода бурда, тавассути гумоштахои хеш мекушанд, ки он дахчанд афзоиш биёбад. «Дустони» мо вируси М ро  бахри хадафхои муайян равона намуда чанги тахмилиро тахрези намуданд. Барои он ки точик зери фишори азоби вичдон намонад, ки у бародарашро мекушад, бахри чашмро бастану вичдонро гул задан вожахои "вовчику" "юрчикро" ба кор андохтанд, яъне - ту бародаратро намекуши, балки "вовчикхоро" мекуши, онхо низ душманои ашаддии моянд ва бо мушовирону сарбозону чархболу танку тупхояшон ба кумаки «бародаронашон» бишитофтанд. 
     Бегонагон танхо нафрату кудурати дар натичаи пахншави вируси М ба вучуд омадаро гирд оварда ба самти дилхохашон равона намуда хадафхои хешро пиёда месозанд, агар неруи мазкур вучуд намедошт, белашон дар сарзамини точик хок намегирифт. Нафрату мухаббат нерухои ноаёни чомеъаро ба харакат оваранда ба хисоб мераванд, нафрат ба самти харобию мухаббат ба фазои шукуфон мебарад. Мушовирону афсароне, ки дар чанги тахмили аз самти "хокимияти конистутсиони" ширкат варзиданд, дар хотирахояшон навиштаанд, ки  шигифтзада буданд, ки точикон пайваста бародарони хешро бо гунохи он ки - у танхо намоядаи махали дигарест, гурух – гурух бурда берахмона ба катл мерасонданд (бино ба маълумоти СММ дар худуди Точкистон 42 кабрхои умуми вучуд доранд, дар баъзе аз онхо то 2ооо хазор нафар хангоми «чисткахои» Фронти халки ба катл расида, зери хоканд) ба лагерхои филтирасони ва ё махбасхонахои давлатию шахси мепартофтанд, ва ё чун гулом дар хавлии худу хешовандонашон кор мефармуданд, ё бо бегонагон пайваста ба амалхои зишт нисбати занону духтарони точик даст мезаданд.

Турсунзода. Дараи Камбар. Дар ин чо часади 800 нафар мардон аз колхози Жданов, ки соли 1992 хангоми "чисткахои" Фронти халки ба катл расида, дафн шудаанд
Шахри Турсунзода яке аз марказхои асосии муковимати нерухои зидди хокимияти муросои миллию оппозитсияи точик  гашт. Фронти халкиро Сафарали Кенчаев бо дустони узбекаш расман дар шахраки Сарводаи Айни созмон дода сипас штабашро ба Турсунзода кучонд. Зеро нерухои низомии узбекхои махалли, артиши Узбекистон, полисияи махфии Узбекистон, корхонаи алюминий Турсунзода бо сарвари яхудии рус Синани имкониятхои пулию молиро ба ихтёри Фронти халки гузошта - хама дар ин шахр чойгир шуда буд. Илова бар ин шахр рухияи кавии зидди точики дошт. Пас аз он ки КГБ бар зидди майдони Шахидон бо дасти чосусонаш майдони Озодиро созмон доду пас аз муковимат бо майдони Шахидон хаводорони Кенчаев ру ба гурез ниходанд, дар Турсунзода шикори гармиёну тарафдорони оппозитсия  огоз гардид, туркони Турсунзода поездхоро нигох дошта точикон берун кашида ба катл мерасониданд. Пас аз хучуми нобарори Кенчаев ки хост 25 октябри соли 1992 пойтахти точиконро бо кумаки артиши Узбекистон, узбекхо, точикон, лакайхои Турсунзода, Шахринав, Хисор, Ленин  забт намояд, фишор  болои гармиёну тарафдорони оппозитсия дахчанд афзуд. Пас аз «сесияи таърихи» ва гуфтушуниди махфи бо пири туркон оиди сарнавишти Точикистон дар Тирмиз, дар Турсунзода ба катли омми точикон пардохтанд, мардони точикиро бо бахонаи мачлис  дар чойе гирд оварда ба мошинхо савор карда бурда дар дараю куххо мепарронданд, кисми дигаро ба  лагерхои филтирасиони ва махбасхонахои шахси мепартофтанд, хонахояшонро горат мекарданд, даст ба тачовузи занону духтарон мезаданд. Дехахои гармиён вайронаеро мемонд, бидуни пирону тифлон, занон касе ба чашм намерасид. Баъзе аз точикон дар ин амалхои зиштарин нисбати бародарони хеш ба узбекон кумак бинмуданд, сипас сарнавишташон фочиангез бианчомид. Дар сафи фармондехони Фронти халки хатто тоторхои махали ба чашм мерасиданд. Вакте ки рохбарони аввал дар Точикистон  яхуди, узбек, армани, рус буданд, пантуркистон бо бахонахои мухталиф узбекхоро аз минтакахои  Узбекистон, ба водии Хисору Вахш ва инчун Душанбе кучониданд, то Точикистонро пурра тавассути онон дар оянда зери назорат бигиранд. Пантуркистон шимолро тавассути Пролетару чанубро бо воситаи Турсунзода зери назорат доштанд. Сафарали Кенчаев ва Нарзулло Дустов дастпарварони мактаби узбекхои омадаянд. Фармондехони Фронти халки - Махкамбой Шарипов (ургути), Малик Солехов (фаргоналик), Ибод Бойматов (тошкентлик) низ ворисони узбекхои омадаанд. Пас аз он ки точикон Гафуров, Улчабоев, Расулов ба сари хокимият омаданд, фаровардани точикон аз кухистон ба водии Вахшу Хисор ва шимоли кишвар огоз шуд, то оянда пантуркистон ин заминхоро сохиб нашаванд. Дар Хисору Шахринаву Турсунзода узбекон мекушиданд то хиси махалгаронии точиконро чирадастона истифода баранд, то точикони махали точикиони аз кухистон фаровардаро  бегонаву, узбекхоро худи хисобиданд. Дар Хисор гармиёнро бурда дар дехаи Арчинаки дараи Алмосию  ва санаторияи Шохамбари ба катл расониданд,  яке аз симохои намоёни гармиён - Карими Якдастаро бо азобхои гушношунид куштанд. Дар Турсунзода гурухе аз чавонони точикро модарашон аз дасти котилон  ба куххо мегурезонданд, пас аз сарсонихои тулони тавассути куххо ба дараи Алмосии  Хисор, ки сокинонаш саросар точикианд мефароянд, бародарони точикашон фавран онхоро бо бронитехникаю дастахои мусаллах ихота намуда хамаашонро ба катл мерасонанд (расонахои хоричи низ аз ин фочиа хабар дода буданд).  Хокмияти Муросои милли дар пойитахт ба ихота афтод. Аз самти чанубу шарк дастахои Сангак Сафарову Файзали Саидов, аз шимол фалгариёни Кенчаев рохро бастанд, аз шарк хисорихои Чамолиддин Мансурову Нуралича  туркхои Малик Солехову Ибод Бойматов ва дигар гурухони турку точик пойитахтро ба ихота гирифтанд. Намегузоштанд, ки каторахо, мошинхо, одамон ба Душанбе рафтуомад кунанд. Хисориёну узбекхо ба самти махалаи Зарафшони Душанбе аз туппхо оташ мекушоданд, гурухи занон наздашон рафтанд, то аз мухосираи пойитахт даст кашананд, вале гуштушунид бенатича анчомид. Агар хисориён аз самти шарк ба узбекхо пайваста пойитахтро буги намекарданд, хокимияти Муросои милли сукут намекард. Хисор хамеша зери назорати пантуркистон буд, яке аз пешвои хисориён Нуралича солиёни зиёде бо Узбекистон робитаи кави дошт. Сарвари хокимият ичроияи Хисор  Чамолиддин Мансуров, Фатхуллохон, ва баъзе фармондехони Хисор гузаштагонашон ки садсолахо дар ин сарзамин зиндаги карданд, гайричашмдошт худро кулоби эълон карда ба кумаки Сангак Сафаров шитофтанд. Мардумро бо силохи аз Узбекистон оварда мусаллах бинмуда ба самти Душанбе, Кофарнихон, Гарм равон мекарданд, холо он ки ба самти Хисор касе хучум накарда буд. Хисорихо барои махви хокимияти Муросои милли ва ба ихота гирифтани пойтахт, чанд мансаб насибашон шуд - Чамолиддин Мансуров мири Душанбе, Фатхуллохон муфти кишвар, Хайбулло Насруллоев раиси «Точикматлубот» гаштанд. Яке аз фармондехони махали бо номи Фарход фармондехону шахсиятхои намоёни Хисорро  бо сарварии Нуралича бо бахонаи мехмондори дар хонааш гирд оварда хамаашонро парронда часадашонро оташ мезанад. Мардум Хисор Фарходро дар майдони маркази  нохияи оташ заданд, у икрор шуд ки ин амалро бо супориши Ёкуб Салимов анчом додааст. Дертар хисорихо ки барои ба сари кудрат овардани шогирдони Сангаку Сафарову Файзиали Саидов сахми асоси гузоштанд - Чамолиддин Мансуров аз мансаб махрум гашт, муфти Фатхуллохонро куштанд, Хайбулло Насруллоев то хол дар гурез аст. Вакт нишон дод ки алянси кулобихою хисорихо хамеша бо шикаст меанчомад. Хангоми задухурд бо амир Музаффар (соли 1867) дар Дехнав хисорихо шикаст хурда ба акибнишини мачбур шуданд. Беки Хисор Абдукарим Додхох бо пайравонаш дар Кулоб панох бурд. Беки Кулоб Сарахон Абдукарим Додхоху наздиконашро дасгир карда ба амир Музаффар супорид… Узбекхои Точикистон ба бемории бузургманиши гирифторанд. Дар Точикистон узбекони зиёде дар мансабхои сарвари вилояту вазир буданд, кушиданд то сарвазири Точикистон низ узбек шавад. Соли 1985 Горбачев рохбари кавии вилояти Ленинобод Рифат Хочиевро аз сари кудрат дур сохт, дертар пайи хам ду узбек сарвари вилоят шуданд. Агар рохбарияти вилояти Ленинобод ба дасти узбекхо ки бе сухани Тошканд амал намекарданд, намегузашт, дар гумон буд ки пантуркистону ёронашон Точикистонро бо хуну хок омехта тавонанд. Рифат Хочиев гуфтанд, ки Сафарали Кенчаеву Сангак Сафаровро дастгири накунанд, зеро онон касофати хоханд овард, вале хучандиён хусусан авлоди Абдуллочоновхо ба сухани пирашон гуш накарданд, билохира хама чизро аз даст доданд. Бисёр узбекони дар макомхои баланди Точикистон нишаста пас он ки бахри хадафхои бузургманиашон кишварро оташ заданд, Тошкандро макони зисти хеш  ихтиёр карданд. Накшаашон бо дасти узбекони махали, лакайхо, арабхо, точикони Кулоб, Хучанд, Айни, Хисор - гармиёну бадахшониёну оппозитсия, хукумати Муросои миллиро махв сохтану сипас бояд чабхаи ягонаи туркону мугулнаждодон точикони хамсафашонро нобуд мекард, амали нагашт. Иттиходи кулобиён, хучандиён, фалгариён, хисориён, узбекхо ки хокимияти Муросои миллро махв сохта «хокимяти конистутсиони»ро бо кумаки Узбекистону Русия ба арзи хасти оварданд, низ пароканда шуд, дар ин иттифок узбекхо, хучандиён, хисориён мавкеи хешро аз даст доданд, чойи онхоро дарвозихою лакайхо гирифтанд. Турсунзода ки то огози чанги шахравнди пурра шахри турки буд, бовари кас намеомад ки ин чо Точикистон аст. Хама чиз дар дасти узбекхо буд, бигзор зиндаги кунанд, вале ба онхо хамаи ин ками кард, чор точики дар ин нохия зинда кунанда ба чашмашон сахт расид, гумон карданд ки гармиёнро махв месозему зиндагии ороме насибамон мегардад. Кунун узбекон мачбуран ки ба точик харф бизананд, шахр чун пештара саросар дигар шахри турки нест, бисёрашон ба ватани ачдодиашон куч бастанд, вале ононро напазируфтанд, мачбур шуданд пас баргарданд, хангоми аз худуди Узбекистон гузаштан онхоро чун точикон низ зери фишор мегиранд. Узбекистон узбекхои Точикистонро бахри хадафхои бузургманишаш истифода бурда, сипас чун ашёи  истифодашуда ба партобгох партофт. Шахри Турсунзодаро «бораш» нихоят вазнин аст, зеро «дустони» точик накшахои точикуширо ин чо тахрези бинмуда хама нерухои зидди точикро ин чо гирд оварданд, юриши бахри забти пойитахти точикон аз ин чо огоз гардид, ва лухтаки  патуркистон Сафарали Кенчаев хамеша низ ин чо буд ва кисме аз «шохасархояшро» дар ин чо навишт, силохбадастонро бахри нобуди точик ба самти Душанбе, Кофарнихон, Гарм, Тавилдара аз чо равон мекарданд. Корхонаи алюмений ки дар ин шахр чойгир шудааст, зиёда аз 20 сол мардуми кишварро дар зимистон бе барк нигох медорад, хамаи неруи барки дар зимистон истехсолшавандаи кишварро бо нархи арзонтарин(кариб ки бе пул) ба корхона дода мешавад, чун аждар фуру мебарад. Аз  корхона ба кишвар суде нест, зеро фоидаро танхо як оила ба чайби худ мегузораду хатто ба давлат андоз намесупоранд.  Агар корхонаи алюмений намебуд, барки истехсолшуда дар зимистон кишварро басанда буду мардум азобхои сангинро намекашиду  тифлону пирон аз сармо намемурданд.
 
     Нафрат ба бародарони хеш ончуон зиёд аст, ки имруз низ зи хеч кори зиште алайхи хамдигар даст намекашанд. Сокинони як шахрчаи Русияро  берахмии навраси 16 солаи точик, ки  хамсини худро барои он ки у намояндаи махали дигар аст, бо бел зада куштааст, мутахайир сохт. Набардхои байни махалхои Точикистон, ки имрузхо дар Русия идома доранду дар он дахо нафар кушта мешаванд, намояндахои дигар миллату гуруххоро - берахмии хаммиллатони мо ба дахшат меоварад, - ин туда (точик), ки худро миллати кухану ливобардори дини ислом дар Осиёи Маркази мехонад, дар гариби ба чойи хамдигарро химоят намудан, баръакс нобуд месозанд, гуё ки  набардхо байни миллатхои бо хам душман мерафта бошад. Нафрати насли пешин кишта насли чадидро чун аждар ба коми хеш дармекашад. Вазорати маориф тасдик кард, набардхое, ки дар мактабхои Душанбе бо силоххои сард чанд сол боз идома меёбад, решахои махали доранд. Он наврасоне, ки аз холо бо вируси М захролуд  гаштанд фардо барои миллати точик мушкилоти зиёдеро пеш меоранд. «Дустони» мо оянда бо дасти онон хадафхои хешро пиёда сохта кишварро ба самти порашави тела медиханд. Дар гариби хору зору ба бехукуктарин миллату ба хандахариши атрофиён табдил ёфта, касе намеандешад, шояд Офаридгор барои махалгароию бародаркушиамон ин рузхои сангинро бар миллати мо раво дид. Кор ба дарачае расидааст, аксарият аз точик буданашон шарм медоранд, худро дар гараби бо номи махали хеш муариффи мекунанд ва ё худро кафкози, афгон ва ё эрони метарошанд. Аз падару модар миллату механи хеш даст кашидану  нисбатии онон нафрат парваридан вазинтарин гунох аст. Фарде, ки точик будани хешро инкор мекарду аз точикон хазар мекард, аз дунё мегузарад ва мурдааш бесохиб мемонад, дустони хамкадаху хамнишинаш пайдо намешаванд, то  мурдаашро сохиби кунанд. Точикони кучарубро  номуси миллиашон боло мегираду часади точикбезорро бурда дафн мекунанд. 
Вируси М зи нафрату гурур неру мегирад...
    Коршиносон мегуянд, ки дар чомеаи точик вируси М хамеша вучуд дошт, вале пас аз «чаласаи таърихи» касри Арбоб (ноябри  соли 1992) ин вирус дахчанд афзуда шакли эпидемияро ба худ гирифт. Махалгарои асбобест, бахри  сиёсатмадорон, ки тавассути он метавонанд дахсолахо дар сар кудрат бимонад, бинобарин мекушанд вируси М афзоиш ёбад,  ин ба фоидаи онхост, зеро махалгарои дифогари мансабу дороиашон мебошад. Барои "дустони" мо низ махалгарои фашанги оличанобест, ки тавассути  он ба осони метавонад гуруххои дилхохашонро ба сари кудрат оранд. Барои хоричиён бо махалгароён кор кардан нихоят осон аст, зеро онон бахри онки дар сари кудрат бимонанд таёранд хамаи дорои миллату кишварро ба савдо бизананд.
  Хангоме, ки вируси М дар чомеа хуруч дорад, фарде, ки дар шароити солими хокимиятдори ба у вазифаи ночизтаринро раво намебинанд ба осони метавонад ба курсии вазиру мушовири давлати нишинад, ва ё намояндаи Точикистон дар кишвари хоричи бошад, зеро меъёри асосии ба вазифа нишастан баромада махал аст на хунар. Хангоми пешниходи натичаи интихоботи президенти ноябри соли 1994, агар пирузии Абуллочонов (коршиносон мегуяд, ки дар он интихобот Абдуллочонов пирузи ёфта буд)  эълон мешуд, кишварро хунрезии чадиде интизор буд.
Гулдастшо Имроншоев – вазири
 корхои дохили Точикистон.
Нахустин сарвари УБОП Точикистон.
 "Хокимияти конистутсиони"
хадафхои махалиро боло дониста
ба чойи у - милитсонери касби,
 рекетири ду бор дар паси панчара
нишастаро  вазир корхои
дохили таъин кард


Бо «чаласаи таърихиашон» точикон оламиёнро дар шигифт андохтанд. Рекетиреро, ки ду бор зиндони шудаасту  ягон маълумоти касби надоштаро вазири корхои дохили таъин карданд, холо он ки дар вазорат генералу афсарони хирфаи нихоят зиёд буданд, вале махали баромадашон ба рохбарони навин писанд наомад. Вакте ки сарнавишти  вазири дифо хал мешуд, ба ин  вазифа точикеро пешниход карданд, ки академияи низомиро хатм кардаасту  унвони Кахрамони Иттифоки Советиро дошт, вале махали баромадаш  писанд наомад, ва ба ин мансаб яхудии русро аз Тошканд оварда ба курси шинонданд. Танхо дар Точикистон мансаб на аз руйи  хунар, балки аз баромади махал таксим мешавад. Президент аз фалон махал, сарвазир аз фалон махал, раиси парламент аз фалон махал... Сохтори давлатии Точикистон саропо дар пояи махалгарои тахрези шудааст. Як кишвари хурде (масохаташ баробари Бошкирдистони Русия) боз ба чанд вилоят (накша хаст, ки боз се вилояти чадидро созмон диханд) таксим шуда заминаро бахри афзудани вируси М дахчанд меафзояд.
Танхо дар Точикистон хизбхо, вазоратхонахо, корхонахои азим, донишкадахо, марказхои илми, клиникахо, рузномахо, радиохо, телевизонхо… вучуд доранд, ки ба ин ва ё он махал мансубанд ва хадафхои махали мазкурро дифо мекунад ва ё чун силох алайхи дигар махал ба кор бурда мешаванд. Махалгарои сари як аз хизбхои бонуфузи солхои 90 - хизби демократиро хурд. Махалгароён хизбро ба манфиати махалашон истифода бурда онро ба хизби  кисагии «хокимияти конститутсиони» табдил доданд ва хизб аз сатхи хизби  умумимилли то сатхи хизби махали поён фаромад. Коммунистони точик  чун демократхо низ хизбашонро ба хизби махали табдил доданд, пирашонро пеши пой зада яке аз фаъолони Фронти халки ки мардумро бахри чанг андохтан ба Душанбе оварда буд ва яке аз махалгароёни ашадди ба хисоб меравад, ба курсии сарвари хизб шинонданд. Хамагон то сентябри 2013 хизби нахзатро хизби умумимилли мехисобиданд. Мардуми хору зор интизор буданд ки нерухои ислохотхох дар интихоботи президентии 2013 номзади арзандаеро пешниход мекунанд, то кишвару миллат зи бухронхои мухталиф начот биёбад, вале нахзатихо манфиатхои махаливу шахсиашонро аз манфиатхои милли боло дониста  марду зан ба шахсе ки хамагон интизор буданд, номзад бигардад, часпиданд, то номзадиашро нагузорад ва фавран дар симои у намояндаи махали бегонаро диданд. Ин амали махалгароёнаи нахзатихо чашми бисёрихоро во бинмуд ки зери шиорхои Худопарастиву Башардустии нахзатихо хадафхои махали нихонанд ва онхо таёранд карлук, лакай, катаганро… бипазиранду вале точики дигар махалро не. Бохти нахзатихо аз он огоз гардид ки хамеша мекушиданд ки яке аз сарварони оппозисияи точик Хочи Акбар Турачонзодаро дар канор нигох бидоранд. Намояндагони «хокимияти конститутсиони» хангоми вохурихо бо Саид Абдуллои Нури мегуфтанд ки бе ин «ленинободи» (Хочи Акбар Турачонзода) хам мо кухистонихо забон хохем ёфт. Нахзатихо нахуст Хочи Акбар Турачонзодаро дар Техрон партофта худ ба Душанбе баргаштанд. Гуфтахои Турачонзодаро он замон нахзатихо ба инобат мегирифтанд, имруз хизбашонро торумору рохбариятро ба паси панчара намепартофтанд, ва онхое ки дар сулх сахм доштанд – Саид Абдуллои Нури, Отахон Латифи, Хабиб Сангинов, Чумъабой Ниёзов, Мухаммадшариф Химматзода ва дигар нахзатихою демоктрату оппозитсионеронро чекистхо бо услубхои мухталиф нобуд намекарданд. Он вакт Душанбе дар мухосираи нерухои оппозитсион афтода бартарии оппозитсия бо неруи низомиву  ташкилию фикри нихоят баланд буд, вале маризи махалгароию нобовари ба хамдигар ба он оварда расонд ки хадафхои махалиро аз хадафхои милли боло дониста оппозитсияро ба «хокимияти конститутсиони» таслим карданд. Хамаи хизбхои Точикистон дар заминаи махал созмон дода шудааст. Намунаи арши махалгарои хизби демократ ба хисоб меравад, зеро асосгузори хизб ки худ ба маризи махалгарои гирифтор буд, сохтори хизбро низ дар чорчубаи махалгарои тахрези бинмуд. Лахзае ки Фронти халки бо катли оми мардум ба сари кудрат омад, чанд нафар аз шахсиятхое ки дар рохбарияи хизби демократ буданд, хадафхои махалиро дар мадди аввал гузошта бо шогирдони Сафараливу Файзали, Бобои Сангаку Бобои Хайдар пайвастанд. Чумъабой Ниёзов пас аз зиндон берун шудан, як кисми парокандаи хизби демократхоро сарвари бинмуда онро вориди гуфтугуйи сулх бинмуд. Пас аз имзои созишномаи сулх демократхо бо сарвари Мухаммадрузи Искандаров дар симои Чумъабой Ниёзов «ленинободи»ро дида уро аз сарварии хизб барканор сохта Мухаммадрузи Искандаровро сарвар интихоб намуданд. Хизби аграриро яке аз махалгароёни ашаддии кишвар ки бар зидди шимолиён китоби захрогине навишт, созмон дод. Ин фарди ба маризи махалгарои гирифторро дар аёмаш шимолие ба хондан равон бинмуда бо кумаки он шахс ба мансабхои баланди хизбиву давлати кишвар нишаст(бо маризи махалгарои боз орзуи президент шудандро дар дил мепарварид). Боварии комил дошт хамкабилагони хокимиятро гасб намудааш ба у мансаберо раво мебинданд, вале чизе насибаш нашуд.  Дар Точикистон дар гумон аст ки ба наздики хизби миллие арзи хасти бинмояд, зеро аз 7 сола то 70 сола дар кишвар ба маризи махалгарои гирифторанд, хатто онхое ки  ки хешро донандаи илми илохи мехисобанд, низ маризанд… Сабаби асосии ривочи махалгарои дар кишвар он аст ки  дар Точикистон махалгароён ба сари кудрат омаданд, дар Руссия, Узбекистон бошад миллатгароён давлатро ба дасти худ гирифтанд. Чомеаи точик ки  бо вируси М оганда аст, ногузир махалгароёнро ба сари кудрат овард. Мардум низ хизбхои кишваро хизби милли намехисобад, бахри шахси аз сиёсат дур хам хизби халки демократи хизби кулобихою лакайхо, хизби сотсиал демократхо хизби шимолиёну бадахшониён, хизби нахзат хизби гармихо, хизби сотсиалисти хизби айнигихо, хизби иктисоди хизби хисорихо хохад монд… Хамаи сарварони хизбхои Точикистон дар дехот ба воя расидаанд ва онхо чахонбини ва гуфтори дехаи хешро мехоханд ба сари кишвар бор кунанд ва онон аз фазои дехаи хеш берун наомада, то сатхи милли расида наметавонанду барои аз кулобию гарми бадахшониву сугди сохтани миллат очизу нотавонанд.  Бухоро, Самарканд, Хучанд се шахри бузурги точикон ва дигар шахрхои точикнишини Осиёни Миёна кишварро хамеша бо кадрхои арзанда таъмин мекарданд. Вакте ки Точикистон соли 1929 аз асорати Узбекистон озод шуд, махз кадрхо аз шахрхои кухани точик кишварро ба кишвари шукуфон табдил доданд, кисми зиёди онхо аз ашрофзодагону аз авлохои кухани точик буданд. Яке аз онхо - Бобочон Гафуров аз авлоди Шайх Камол( Камоли Хучанди) мебошад. Барои он ки рохбари арзандае бигардед хафт пуштатон бояд тоза бошад, агар гадоро ба курсии шохи бишинонед, боз аз у буйи гадо хохад омаду аз хуйи гадоёнааш даст нахохад кашид ва мекушад ки мардум дар хизмати у биистанду на у дар хизмати мардум.  Мардум ба яке аз сиёсатмадорони намоёни солхои 90  бо чашми умед менигарист ки у фарзанди асили миллату кишвари мосту ояндаи кишваро бо у вобаста медонистанд, вале у аз худуди махали хеш берун шуда натавонист, дар идорахои Маскав аз мансабдорони рус хохиш мекард ки ба хамшахриёнаш шахравнди Руссияро бидиханд, зеро онхо бо русхо гушту нохунанд. Кишваро фарзандоне чун Тохир Абдучаббору Аслиддин Сохибназаров зарур аст, то дар сатхи милли андеша биронанду амал бимоянд, вале фазои махалгароёнаи кишвар ба ин имкон намедихад. Кунун точикон махалгароиашонро то Аврупо кашонданд. Махалгарои дар Радиои Озоди вучуд дошта расонави гашт, чи тавр мудирият намояндагони махали номакбулашонро аз кор меронанду худихоро бо супориши вазорати корхои хоричии Точикистон дар радиои америкоихо чой мекунанд, то хадафхои махали худро  дифо кунанд ва мекушанд лахчаи худро ба  чойи забони адаби истифода баранд. Нерухои оппозитсиони точик ки дар Аврупо  созмнои ягона ташкил карданд, то зидди «хокимияти конститутсиони»  бо роххои конуни мубориза баранд, хангоме ки сарварони созмон дар чаласаи бонуфузи Аврупо ширкат доштанд, гурухе фавран чаласа ташкил дода хешро аз созмон чудо сохта ва радиои созмонро аз худ карданд. Онхое ки ин руйдодро пайгири мекунанд, мегуянд ки гурухи мазкур дар заминаи махалгарои аз созмон чудо шуд. Чанги хунин, садхо хазор курбони, ваъзи сангини миллату кишвар ба махалгароёни точик хеч гох сабак шуда наметавонад. Махалгароён гуё бахри нобуд сохтани ин миллату ин кишвар арзи хасти бинмуданд, то дар дохили миллату кишар ягонаги вучуд надошта бошад. Яке аз сабабхои сукути хокимияти Муросоии милли он буд ки гуруххои зиёде(чун Чамолиддин Мансуров ва дигар сарварони Фронти халки) гузаштагонашон садсолахо дар Хисору Душанбею нохияи Ленин зиндаги кардаанд, гайричашмдошт худро кулоби эълон намуда ба кумаки каллабурони Сангак Сафарову Файзали Саидов шитофтанд. Пас бахри гурухе замине  ки  таваллуд шудаасту ва хафт пушташ он чо зиндаги бинмудааст, хамеша макони бегонае меомнад ва таёранд бахри «махали бобогиашон» бо каллабурону бегонагон пайваста зодгохашонро бо хуну хок даромезанд. Махалгароёнро зи ин маризии бедаво танхо гур начот хохад дод.  

     
Кадрхои дар асоси махал интихоб шуда телевизонии миллии Точикистонро то сатхи телевизони махали оварда расонданд, имруз дар кишвар кариб ки онро тамошо намекунанд. Мардуми  камбизоат дар шимолу гарби кишвар барномахои телевизони Узбекистону Киргизистонро тамошо мекунанду дар чанубу шаркии кишвар телевизони Афгонистонро, афроде ки имконияти молииашон бештар аст ба телевизонхои моворавивю кабели пайастанд.


Махалгароён агар хаммахалашон дар ягон мусобкаи байналхалки чойи дуюм ва сеюмро гирад уро чун кахрамони милли  пешвоз мегиранд, чоизахои гарон хадя мекунанд, либоси махали хешро мепушонанду  бо лахчае хеш тавассути радиою телевизон сухан меронанд. Агар намояндаи махали гайр кахрамон шуда ба Точикистон баргардад, касе уро пешвоз хам намегираду расонахои давлати мухри хомуширо бар лаб мезананд.
    Дар бисёр шахру нохияхо гурухе бо аждодашу хамдехагонашу хаммахалонаш мансабхои асосиро сохиб гашта, мардуми махалиро аз вазифахо  танг намуда ба горати молу амвол мепардозанд.  Ё барои гасби молу амвол ба точирони махалли гунохои вазнини сиёсиву экстремистиро (делои чиноии исфарагихо) бор мекунанд. Кор то чое расидааст, ки корхонахои саноатиро канда бо худ мебаранду Точикистон кишвари гасбшударо мемонад. Ин амалхо, дахчанд хисси махалгароию махалбадбиниро меафзояд, ягонагию якпорагии кишварро заиф сохта «дустони» точикро хушнуд месозад, ки дер ва ё зуд махалгароён ин кишварро ба жарфои нобуди меафкананд.
    Нафрати дар натичаи пахншавии вируси М ончунон зиёд аст, ки он ба кушта шудани 150 - 375 хазор одам оварда расонд, миллионхо хонабардушу ятиму беватан гаштанд, чанд намояндаи СММ иваз шуд, то точиконро ба сулх расонанд. Нафарони зиёде аз самти «хокимияти конститусони» зидди сулх буданд, мехостанд, ки оппозисия ба онхо таслим шавад. Хангоме, ки толибон Кобулро гирифтанду ба самти шимол харакат карданд, хочагони «хокимияти конститутсиони» аз Маскаву Тошканд ононро мачбур сохтанд, то ки ба сари мизи музокира бишинанд. Имруз барои он ки  нафратро ба самте равон созанд душман  мечуянд. Нахуст душманони дохили чуста ба махви онон даст заданд, кунун ба ба чустучуйи душмани беруна пардохтаанд. Агар дар чустучуйи душман бошед, он хатман пайдо мешавад. Кишвар хамеша дар фазои тарсу харос гардиш доранд: аз олами ислому фазои форси, хати форси, масчид, аз наврасони ба масчид раванда, мулло, диндорон, садои азон, амри маъруф, аз шогирдони мактабхои динии дар хорича тахсил карда, аз туйхои исломи, занони ба масчид раванда, хичоб, риш… метарсанд, аз Ирон   канор мечуянду бо викор ба Афгонистон менигаранд, бо хамсоягон забон ёфта наметавонанд, масчидхоро мебанданд, рухониёни маъруфро аз масчидхо дур месозанд.
      Пирамардон назди мансабдори воломакоме, ки дар дачааш  истирохат дошта мераванд, то у кумак бинмояд масчидашон боз гардад. Мансабдор сархуш зи шаробу дар ихотаи ракоссахояш нишаста хатто аз чой барнамехезад. Арзро то охир гуш накарда бо ситеза мегуяд, ки  ба касофати муллою масчид кишвар хароб шуд. Баъди итихобот хамеша мебандем ё ба мактабу богчаву спортзал табдил медихем, бигзор хама насрони шавад.  Бо давлат шухи накунетон, кани Абдулло Нурию исломихояшу демократхош - Химатзода, Латифи, Ниёзов, Сангинов, Абдучаббор, Сохибназарову дигарош… хамеша нест кардем, Мирзо Чагаро хам, саркашои дар Помир мондаро хам нобуд мекунем. Мо ин кадар хун рехтем ки дар ин чо вовчико  давр ронанд, агар як бори дигар сар бардоранд, то кудаки дар гавхора будашонро нест мекунем…
     Хокимиятдорон кушида истодаанд, ки барои боз хам заифтар  сохтани дин, ба имомхатибон чун корманди давлати маош бидиханд, то онон ба ситоиши сохибмансабону сиёсати «хирадмандонаи» онон пардозанду пайваста зери назорати чекистон бимонанд ва  бахри аз майдон дур сохтани ХНИТ ва рухониёни маъруф  сахм гузоранд. Масчидхо  вазифаи аслии хеш ибодатгохе, ки он чо танхо зикри Офаридгору паёбарашро мекунанд  тадричан аз даст дода ба минбари чекистону  хокимиядорон табдил ёфтаанд.  Муллохои хукуматиро  масъалахои  - афзудани фишор болои дину диндорон, бастану валангор сохтани масчидхо, махдуд сохтани хукукхои мусулмонони кишвар, ба динхои гайр гаравидани мусулмонони точик, дар мохи шарифи рамазон тирборон кардани мардум, афзудани мухочирату вайроншавии оилахо, бе падар ба воя расидани тифлон, амали зишти  мансабдорону бригадирони бадмасти точики  Русия, ки чавонони бесохибу камбагалро мачбур месозанд зан бигиранду сипас арусашонро ба онхо пешкаш кунанд, чангхои мухочирони  точик  дар заминаи  махалгарои, ки бо хунрезию куштор меанчомад, пайваста зери шиканча будани зиндониён, зиёдшавии бонувони бешавхар, ба амалхои ношоиста даст задани чавонону ба фохишаги руй овардани бонувон, ба бозори бо фохишахо таъминкунандаи Афгонистону Покистону кишвархои араб табил ёфтани Точикистон, аз бенавои духтарони хешро ба чинохо додани мардум, афзудани  худкуши, тифлонро барои амалхои  ношоиста ба хорича бурдан, туйдоронро мачбур сохтани сохибмасабдон то хатман дар дастурхон  шароб бигзоранд, хочихои доляситону фолбину даллолу сарояндаву раккосу шаробнуш, 1, 5 – 2, 5 миллион мухочири бесохиби бахри пораи ноне сарсону саргадон, 1,5 хазор часаде, ки хар сол ба кишвар ворид мешавад, 7 - 40 хазор махбусони точик, ки дар махбасхонахои Русия нишастаанд ... хамаи ин заррае муллохои дарбориро, ки на дар хизмати Худованд, балки хокимони замон  истодаанд - ба андеша водор намесозад, гуё ки нобиноянду намебинанд ки чи тавр миллату кишвари мо ба самти вартаи нести равон аст… Онон пайваста зикр мекунанд, ки шукри хокимонро кунед, ки ба шарофати рохбарии хирадмандонаи онхо чунин «зиндагии бихиштона» насибамон гаштааст.  Рухониёни дарбориро танхо ду масъала пайваста гам медихад: барои чи мардум дасти рухониёни маъруфро  мебусаду дасти моро не, ва дар ислом набояд хизб бошад… Ба созмонхои насрони шароит фарохам меоваранд, то точиконро зи дини аждодиашон дур созанд, тахмин меравад, ки аз 8 то 150 хазор точик ба динхои дигар гаравиданд. Мансабдорон дар вохури бо гарбиён пайваста зикр мекунанд, ки дар фосила хазор сол хеч гох точикон дини хешро тарк намекарданд, махз ба шарофати "сиёсати хирадмандонаи" онон ин равиш дар интихои карни ХХ нихоят огоз гардид.  Кумитаи дин барои онки микдори  точикони ба хач раванда кохиш ёбад, ба Арабистони Саъуди омори дуругинро пешниход мекунад, ки дар он шумораи мусулмонони точикро каму  шумораи насронишудагонро зиёд нишон медихад.  Мехоханд, ки хатто  фазои диниро бо меъёрхои махал тархбанди созанд, сарвари рухониён набояд рухони босаводтарину бонуфузтарин бошад, балки хатман  хаммахалашон бошад, то фазои диниро зери назорат гиранд. Вакте ки мехмонони хоричи дар чашни Имоми Аъзам (2009 с.) ширкат варзиданд аз он мутахайир буданд, ки муфтии точикон саводи казои надорад. Точикон махалгарони хешро то масчидхо кашидаанд. Дар баъзе аз минтакахо масчидхое вучуд доранд, ки бо номи махали муаяне ном бурда мешаванд ва намояндагони дигар махалхо мекушанд, то вориди он нагарданд. Махалгароён  Хонаи Худоро низ бо вируси М олудаи сохтаанд. Дар кишвар кабристонхое мавчуданд ки дар онхо танхо намояндагони махали муаянеро дафн мекунанд.  
     Дар Точикистони бе барку бе газ ва зиёда аз 1,5 - 2,5 миллион фарзандонаш дар гариби бахри пораи ноне сарсону саргардон, гуё барои мансабдоронро дигар коре нест, ки пайваста ба муллою масчид фишор меоваранд, бо милисахои Калашниковдор назди дари масчидхо камин мегиранд, мабодо ягон наврас вориди масчид нагардад.  Хамаи неруи кишвар барои ба дин фишор овардану мехри онро зи  дили мардум дур кардан равон  шудааст. Дар таърихи ин сарзамин хеч гох  чунин конунхои зиддиисломи кабул нашуда буд. Хамон кадар ба дин фишор оранд, хамон кадар файзу баракат аз ин сарзамин мепарад.
     Панчакент. Милисионер навраси пас аз адои намози чумъа ба даст афтодаро  ба "кассобхона" мебарад.  
  «Дустони» ислом дар кушиши онанд ки мактаби исломии  Бухоро ки то сентябри соли 1920 фаолият дошту фазои азими Авруосиёро тавассути шогирдонаш идора мекард, эхё нагардад. «Дустони» мо хуб медонанд ки ворисони асили мактаби Бухоро точиконанд, бинобарин чанги шахрвандиро созмон доданд, то кишвар бо хуну хок даромехта аз рушд бозмонаду исломро назди мардум бадном бисозанду мардум тарки ватан намояд ва рохро бахри наркомафия фарох бикушоянд. Намояндаи Елсину Каримов полковники ГРУ Квачков одамони зиёдеро аз назар гузаронд, то ливобардори неруххои зиддиисломию зиддиточикиро дарёбад. Аз одамоне ки ба у муариффи намуданд, интихоби у ба Сангак Сафаров афтид. Квачков ки  набардхои хунини Афгонистону  Озарбойчонро (с.1990) паси сар карда буд фавран дарк бисохт чи одаме наздаш истодааст. «Дустони» мо ду точикро интихобро намуданд: Сангак Сафаров, Сафарали Кенчаев, то кишварро бо хуну хок даромезанд, то точики дигар ёди дину ватани бобогиаашро накунад. Пас аз он ки чони 150 хазор инсонро курбон сохтанду лухтакхохяшонро дар мансабхои асоси кишвар шинонданд, фишори болу дину диндорон дахчанд, шумораи конунхои зидди исломиро садчанд афзуданд. Бисёрихо мепиндоранд, ки  исломбадбинонро тасодуфан ба мансаб шинонданд, хамаи ин аз руи накшаи ягонаи «дустони» мо сурат мегирад. Рузхои катли омми точикон пирамардон назди афсари баландрутбае мераванд – Кумакамон бинмо, о ту фарзанди мои, холамон нихоят хароб аст… Афсар чавоб медихад ки - у ба ном рохбар аст, хамаи амалиётхои низомиро намояндагони разведкахои хоричи рохбари мекунанд. Яке аз рохбарони «Моссад» хангоми чанги хунини Точикистон дар Осиёи Миёна буду пайваста сарварони кишвархои хамсояро ташвик мекард ки хаматарафа ба Фронти халки кумак бинмоянд, то аз «вовчикхо» ному нишоне намонад… Огози солхои 90 «дустони» ислом  пайи хам дар се кишвар - Алчазоир, Босния ва Герсоговина, Точикистон чангхои зиддиисломиро огоз намуданд.11 июли соли 1995 чанговарони серб вориди шахри Сребрениса гашта 8,5 хазор мусулмононро катли омм бинмуданд, дар чанги Босния ва Герсоговина 250 хазор  одам курбон шуд. «Дустони» ислом дар хамаи корахои Замин пайваста чангхои зиддиисломи тахрези менамоянду анъанаи салибдоронро идома медиханд, зеро чони мардуми чахони сейум бахрашон арзише надорад. Соли 1994 дар Руанда дар фосилаи 100 руз 1 миллинон намояндаи кавми тутсиро аз тифлон то пирон махв сохтанд, амрекиоёну аврупоиён бошанд катли оммро хомушона назорат бинмуданд. Гарбиён гохо тавассути матбуот, чомеахои шахрванди рафтору кирдори зиддисломию зиддиинсонии сарварони чахони сейумро махкум мекунанду вале дар асли пуштибони ононанд ки бо ислом дар чанганду мардуми хешро катли омм месозанд. Америкоёну авропоён  аз пай тахрези накшаи 1 милларди заррин хастанд, 1 миллиарди худи зинда бимонаду дигарон бояд махв бигарданд. Лашкари хуношоми Чингизро ба самти Осиёи Миёна дар аёмаш салибдорон равон карданд ва арманихо чун намояндаи салибдорон вазифаи мушовиронро дар назди мугулхо бар чой меоваранд. КГБ бо сарварии Андропов тероризими исломиро созмон дод, то онро алайхи Исроил, Амрико, Аврупо ба кор баранд ва имруз ворисони салибдорону пайравонашон мекушанд, тероризимро чунин  моли ислом муариффи кунанд. Вакте ки бо рохи конуни Мурси дар Миср ба сари кудрат омад, генерал Сиси исён бардошта дар як руз 3 хазор одамро куштаву дар майдони Робиа 100 хазор одамро ба хабс гирифтанд ва президенти конуниро паси панчара шинонда харбиён гайриконуни кудратро ба даст гирифтанд, исёни Сиси ба манфиати гарбиён буд ва онхо мухри хомуширо бар лаб заданд. Вале дар Туркия тирашон хок хурд, кушиши тарафдорони Гюленро ба сари кудрат овардан, амали нагашт. Гюлен - армание ки бобояш мусулмоноро сар мезад, имруз зери никоби турку мусулмон нихон шуда чун намояндаи масонхо мехохад исломро бо услуби гарбиён тагир бидихад. Мактабхои Гюлен дар Точикистон 5 хазор шогирд омода намуданд, онхоро тадричан ба сари кудрат оварда исломро дар оянда бо тарзи гарбиён бояд тагир бидиханд. Агар 15 нафари дар Туркия тахсил дида Бухорои Шарифро ба ихтёри болшевекону пантуркистон во гузошта вучуд доштани миллатеро бо номи  точик инкор мекарданд, пас 5 хазор гюленчиён бо Точикистону точик чи хоханд кард. «Хокимияти конститутсиони»  аз масонхои Гюлен дида берахмтар бо ислом мубориза мебарад: дар кишвар 1200 масчидро бастанд, ва ё валангор бинмуданд, ё ба кахвахонаю чойхонаю богчаи бачагон табдил доданд, муллохои дар кифт пагонхои чекисти доштаро ба масчидхо оварданд. Мекушанд точикиро аз гузаштаи 1400 солаи исломиаш чудо бисозанд. Дар радиою телевизон гирифтани номи Худо бахри кормандон хангоми бурдани барнома маън аст. Дар либос, риш, хичоб, намозгузори, тахсили дини тифлон, услуби зисти ва тафаккури точик тагироти кулли ворид сохтанианд ва услуби зисти гарбиёнро зуран ба гардан точик бор карданианд, туйхое ки бо нидои «горко»ю пур аз шароб мегузарад, бонувони бо либосхои нимбарахнаю  аз забону дини хеш даст кашида, кахвахонахое ки чавонони  маст бо бонувони нимурён то субх мераксанд, хочихои раккосу фолбину долягундор, мансабдорони исломситези мугулсурату мугулсират ки дину анъанахои бобогии точикро тахкиру дашном месозанд... «Дустони» мо  бахри мубориза бо ислом онхонеро истифода мебаранд, ки гузаштагонашон бо ислом  душмани доштанд, ва ё исломро зохиран мепазируфтанд (чун чалахо ки пас аз забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия аз ислом даст кашиданд)  чи туре ки дар Туркия аз арманихои туркшуда истифода мебаранд, дар Осиёи Миёна, аз чалахо, яхудён, мугулон, туркон истифода мебаранд. «Дустони» ислом ба рохбарии Точикистону Узбекистон турку яхудиро оварданд, то исломро буги кунанд. Дар Точикистон рухониёи маъруфро ки гузаштагонашон хамеша пешвои дини мардуми мо буданд аз масчидхо дур сохтанд, ё хабс карданд(чун шайх Темур). Мугулнаждодону туркони точикшударо ки исломро зохиран мепарастанд, сарварии динро ба дасти хеш гирифтанд, то мардумро аз пасашон ба рохи исломи гарбиён тахрезинамуда баранд. Мардум хуб медонад кихоро ба сарварии дин шинондаанд, вале аз дасташ чизе намеояд. Баъзе аз мугулнаждодону туркони точикшуда, бобою падари хешро, ки дар махви дину миллати мо бо болшевекон хамдаст буданд, кунун шахсиятхои мукаддас эълон карда, бахрашон макбарахои бошукух месозанд, ва мардумро мачбур месозанд, то ба зиёрат бираванд. Исломи бо дасти «дустони» мо тахрези шуда дар ин сарзамин дер хукум ронда наметавонад, зеро ин сарзамину ин миллат онхоро нахохад пазируфт. Болшевикон зиёда аз 400 хазор мардуми моро сар заданду дар зиндонхо пусонданд, 1 миллиони дигарро мачбур бисохтанд тарки ватан кунанд, Бухорои Шарифро валангор бинмуданд, китобхои моро оташ заданд, мукаддасоти моро ба партобгоххо табдил доданд, вале исломро махв сохта натавонистанд, вакт ноаён худи болшевиконро ба партобгохи таърих биафканд…

       Хангоме, ки намояндагони як миллату як кишвар дар симои якдигар душманро мебинанд, дар нобарорихои шахсию махалии хеш гунохи сокини махали гайрро мечуянд, дар муасисахои давлати ба лахчаи дехаи хеш сухан меронаду менависанд, (танхо дар Точикистон шахс 10 - 15 сол тахсил карда ба забони адаби сухан ронда наметавонаду ва муаллимони хар як махал дарсхоро ба лахчаи  хеш пеш мебаранд) дар хамаи зинахои давлати кадрхо аз руйи махал интихоб карда мешавад, ба хама чиз бо дидаи махалгароёна назар меафкананд, кишвар ба пешраве ноил нахохад гашт. Кисми дигари чомеа дар механ худро бегонау нолозим мепиндорад, дар чунин ваъзият танхо бегонагон пешрави хоханд кард, онон кадрхои бехтарини точикро, ки ба касофати вируси М дар механи хеш чой ёфта натавонистанд бо худ мебаранд, то бахри шукуфои кишварашон сахм бигузоранд (Мутахассиси нодиреро ки дар Точикистон ягона будааст, махалгароён мачбур месозанд, ки чойро холи кунад, илтичояш, ки то нафакааш соле мондааст ба  «муридони» Сангаку Файзали бе асар мемонад. Дере нагузашта русхо уро бо худ бурда дар маркази шахре манзил медиханду озмоишгохи азимеро ба ихтёраш мегузоранд)  Хадафи фардони бо вируси М захролудгашта ба кишвару миллат хизмат накарданд, балки мансабу вазифаро дар дасти кавмву аждоди  хеш нигох доштан аст. Баъзе мансабхои давлати то пайдо шудани хаммахали хеш солхо холи меистанд. Чавонони точик, ки донишкадахои бонуфузи чахониро хатм кардаанд, дар ватан чой наёфта пас мегарданд, чун мутахасис онхо барои кишвар заруранд, вале баромади махалиашон корфармоёнро конеъ намесозад. Хатто бисёре аз туркон (бештар аз кабилаи лакайхо) ки баромади махалиашон ба талаботи корфармоён  созгор буд, дар идорахои давлати кор ёфта тавонистанд, вале точикони махалхои дигар не. Баъзехо барои он ки сохиби мансаб гарданд, барои худу фарзандонашон шиносномахои нав мегиранд, ки дар он чойи таваллуд тагир ёфтааст ва ё мекушанд, ки навзод дар минтакаи рохбарикунанда таваллуд шавад ва ё ба атрофиён собит месозанд, ки гузаштаашон рафта ба махали рохбарикунанда мерасад, то мансабчае насибашон шавад. Кремил дар руйи хати сиёхаш Гарму Мастчохро ворид карда буд, то рохро ба барои намояндагони ин минтакахо ба курсихои рохбари  махдуд созад (мардуми ин минтакахо ба артиши сурх (1920 – 40) мукобиляти нихоят сахт нишон додаанд ва  бахри онхо арзишхои дини хамеша дар мадди аввал меистод) Имруз худи точикон руийхатхои сиёх тартиб медиханд, ки  намояндагони кадом махалхоро рохашонро ба сиёсат махдуд намуд.
   Хамаи кабатхои  чомеаи точик  бо вируси М захролуд гаштаанд, танхо рухониён  нисбатан камтар олуда гардиданд. Чомеашиносону коришиносоне, ки бо равиши мухочират сару кор доранд, мутахайиранд, ки точикони нисбати хаммиллатони хеш дар гариби то ин дарача берахмона муносибат мекунанд: бародарони худро мефиребанд, мекушанд, ба гуломи мефурушанд, ё ба дасти чинояткорону милисахо, гурухои этники месупоранд. Дигар груххои этники мекушанд, ки дар гариби химоятгари хамдигар бошанд, вале точикон баръакс. Хатто созмонхои точикони берун аз кишвар дар пояи махал сохта шудааст на миллат, баъзе аз онхо танхо ба хамахалони худ дасти кумак дароз мекунанду ба дигар хаммиллатони хеш  бо чашми бегона менигаранд, агар бимирад хам ба гулуяш  чакрае об намечаконад, зеро у «бегона» аст, зодаи махали гайр.


    Нафрати махали дар Интернет бисёр возех ба чашм мерасад, зери хабару маколахо, дашному тахкирхои пастаринру кабехтаринро нисбати махали хамдигар менависанд. Дар Интернет бисёр вакт гуфтахои тахкиромезу душманонаи  сохибмансабон нисбати дигар махалхо пайдо мешавад, ки ин миллатро заиф сохта кишварро ба самти пошхури  мебарад. Дар радиою телевизион барномахое пахш мешавад, ки хадафашон тахкир ва ё хандахариш кардани ин ва ё он махал мебошад. Тудаи зиёди академику профессорон, олимони дар чабхахои Фронти халки обутобёфтаву бо вируси М захролуд гашта китобу асархо эчод мекунанд, ки магз андар магз бо кинаву нафат нисбати ин ва ё он махал равона карда шудааст. Онон дар матбуоти кишвар бахсхои доманадору пучи бо вируси М захролудгаштаро зидди хамкасбониу харифони хеш  огоз мекунад. Агар шахси зери хадаф карор гирифтаашон аз Самаркаду Бухоро ва ё дигар минтакахои точикнишини Осиёи Маркази бошад фавран ба у тамгаи «узбекро» мечаспонанд. Хамаи бузургони точик аз Исмоили Сомони то  Садридидин Айни берун аз худуди имрузаи Точикистон таваллуд шудаанд, пас аз мантики гуфтори «олимон» мебарояд, ки онхо низ узбеканд. Зодагони Бухорову Самаркандро узбек хонда боз ба чор самт чор мезанем, ки Бухорою Самарканд шахрхои точиконанд.
Устод Садриддин Айни. Бузургтарини шахсияте ки бахри берун кашидани миллати мо аз коми аждарони болшевизиму пантуркизим чонбозихо намудааст. Тахсилкардаи мадрасахои Мири Араб, Олимчон, Бадалбек, Хочи Зохид, Кукалтош. Имруз нимчамуллою муллохои дар кифт погонхои чекисти дошта олимону адибони ба шарофати Калашников ба майдони илму адаб ворид гаштаи ба маризи махалгарои гирифтор, ба самти устод Айни санг андохта гунахкораш месозанд, гуё алифбои моро у тагир бидод. Агар ворисони Туркфронт каме аз таърих бохабар мебуданд, хеч гох ин суханхои по дар хаворо ба забон намеоварданд. Болшевикон алифбои 27 халкияту миллатхои мусулмони  шуравиро фавран тагир доданд, то робитаи онхоро зи чахони ислом буранд. Асосгузори тагири алифбои арабиасос туркхо бо сарварии чосуси гарбиён Камол Отатурк буд. У бо ин амал ба салтанати туркхои усмони хотима бахшида фазои забонхои арабию форсиро дар Туркия танг бисохт. Устод Айни нахуст ба ивази алифбо норизиги баён намуданд ва сипас диданд ки бо машинаи азими сархури болшевикон сар ба сар шудан гайри имкон аст. Устод то охири умр сатре бо хуруфи лотинию кирилли нанавиштанд, хамаи асархояоншро бо хати ниёгон эчод карданду сипас шогидорну наздиконашон онхоро ба алифбои крилли баргардонданд. Оё  муллохою олимону адибони дарбори медонанд, ки Устод «Заруриёти дини» ро навиштанд, нахуст он дар Когон нашр шуда  соли бошад 1927 дар Лохур  ва китоби мазкур дар Осиёи Миёна, Покистону Эрон маъруфу машхур гашта буд. Устод пеш аз маргашон муллоро даъват мекунаду хохиш мекунанд ки хангоме ки марг фаро расид хамаро омода  бисозанду сипас ба хукумат хабар бидиханд. Аждодхои бузург садсолахо дар хизмати Офаридгор меистанд, то Садриддин Айние ва ё Бобочон Гафурове ба арзи хасти ояд. Авлоду ашхосе ки дар хизмати иблис камар бастанд бидуни душманони дини Илохи, ватанфурушон, миллатфурушон, одамкушон, дуздону авбошон касе намедиханд, агар аз байнашон тасодуфан адибе баромад, китобу номаш пеш аз мурданаш ба ихтёри боди фаромуши меравад, агар муллое бошад фавран дар хизмати чекистхо камар мебандад ва ё  чун мулло Хайдар бо супориши чекистон мардумро барои чанг андохтан пеш пеш карда ба Душанбе меорад. Муллохо, олимон, адибони дарбори ба самти бузургони мо санг андохта, ба атрофиён аз вучуд додштани худ хабар медиханд, зеро маризи махалгарои оромашон намегузорад. Устод Мухаммадчон Шакури чанд сол шуд ки дунёи фониро тарк кардаанд, вале маризион то хол ба самти устод санг меандозанд. Ба ин маризон  агар махали баромадатон писанд наояд,  таёранд хамаи гунохои буду набуи дунёро ба гарданатон бор кунанд.    

 Махалгароён борхо ба устод Мухаммадчон Шакури дарафтода тахкираш карданд, вале ашрофзодаи бухорои ба  олимону шоирони нафратфарогирифти рафтору одобашон зи сахронишинон тафовуте надошта, оромона нигариста суханро ба онон хайф донист. Устод дар яке аз мусохибахояшон низ зикр карданд ки  навдавлатону наволимони имруза зодагони Бухорю Самарканд ва дигар минтакахои точикнишини  номакбулашонро узбек мехонанд.
 Хангоме ки мардуми точикро аз марказхои кадимааш Самарканду Бухоро махрум карданду дехаи Душанберо пойтахти чадиди точикон эълон карданд, махз кадрхо аз Самаркаду Бухорову Хучанду дигар шахрхои кухани точик дар обод кардани Точикистони чадид  камар бастанд.
Масхарабозони армани
номи Точику Точикистонро
бо чирк даромехтанд,
вале на призидент, на парламент,
на зиёиени дарбори бахри
дифои миллати хору зор
садо баланд накарданд.
Зеро хама дар гами
махали  хешанд... 
    Вакте ки гурухи масхарабозони армани зери сарвари Артур Чоникбекиёну  точиксиёхкунон: Ройзман, Рагозин, Жириновский, Багдасаров… номи точикро бо чирк меомезанд аз «олимон» садое намебарояд, зеро онхо танхо хадафхои махали хешро дифо мекунанд, хадафхои милли барояшон бегона аст. Баъзе аз мансабдорон "дусти точикон" Рагозинро зиёрати намуда шикоят карданд, мо мухочиронро бештар ба Русия мефиристем, то онхо аз ислом дур гарданд, вале онхо ба ватан диндоршуда бармегарданд... Дар Интернет навиштаи точикон, ки аз гушахои мухталифи точикнишини Осиёи Маркази барои тахсил ба Душанбе омада пас аз чанде онро тарк кардаанд, ёфтан мункин аст, ки чи тур бародарони хамиллаташон ононро турк гуфта пайваста зери азобу шиканча мегирифтанд. 
Солехчон Шарипов
нахустин кайхоннаварди точик
     Аз 25 миллион точике, ки дар дунё хаст, танхо 5,5 – 6,0 миллионаш дар худуди имрузаи Точикистон, истикомат доранд. Хангоме ки нахустин кайхонаварди точик Солехчон Шарипов(точики истаравшани, ки дар Киргизистон ба воя расидааст) парчами Точикистонро бо худ ба кайхон бурд ва кушид ки онро ба Точикистон бисупорад, вале мансабдорони точик чун ба бегона  ба у нигариста кайхоннавардро напазируфтанд. Миллатхои кухан чун яхудву армани дар кадом гушаи дунё фарде дар баданаш заррае хуни яхудву армани дорад онро хаммиллати хеш мехонанд, то сафи миллат биафзояду фардо бар манфиати миллату кишвар захмат бинмояд. Дар Арманистон арманихои дар Сурияву Карабог таваллуд шуда президенти кишвар буданд. Дар мо точики берун аз Точикистон таваллуд шударо фавран турк ва ё афгон мехонанду вазифаи ночизтарини давлатиро ба онон  раво намебинанд. Вакте ки артиши Узбекистон, дастахои Сангаку Файзали, спеснази ГРУ полковник Квачков, гуруххои низомии генералхо - Ашуров, Николаев, Дустум (силохбадастони генерали узбек дар самти Фронти халки чангидаанд ва соли 1998 бо дастахои Махмуд Худойибердиев дар хучум ба вилояти Сугд низ ширкат варзидаанд) мардуми фирориро ба самти руди Панч танг карданду кисми зиёдашонро оби сарди руд бо худ бурд, махз афгонхои чангзада пушту панохи садхо хазор гурезаи точик гаштанд. Лахзае ки нерухои толибон точикони Афгонистонро ба самти шимол танг карданд ва онхо хостанд дар кишвари дуст  панох ёбанд, аммо Точикистонр дарро барояшон боз накард.
ш. Вахдат
Гурезаи афгон Ахмад Икбол.
Бародарони точик имруз ононро 
пайваста зери шиканча мегиранд.
Соли 1992 - 97 тахминан  аз 200
то 400 хазор точики фирори
дар Афгонистон панох бурданд.
Имруз Точикистон тоби онро
надорад , ки 5 хазораи гурезаи
афгон дар заминаш панох ёбад.
     Имруз  ба  гурезахои афгони дар кишвар буда пайваста фишор меоваранд, зери мушту лагад мегиранд, вале барои чинохио дари кишварро боз медоранд. КГБ  солхои 80 пайваста байни донишчуйони афгону точик чангхо ташкил мекард, то байни иронинаждодон ягонаги ба амал наояд. Имруз точикон бе кумаки КГБ ба фишори афгонхо (бисере аз онон  ворисони точиконанд, ки солхои 1920-30 аз дасти болшевекон ба Афгонистон фирор кардаанд) даст мезананд. Сиёсатмадор ва хукукшиноси варзидаи точик - Рахматулло Зохиров аз  точикони Казокистон  буда шачарааш  рафта ба Хоча Ахрори Вали мерасад (у зодаи дехаи точикнишини Богистон мебошад) Расонахои давлати пайваста аз у узбеку одами Узбекистонро метарошанд . Онхое, ки  сарварони кишвари хамсояро илтичо мекарданд, ки то ба онон  пул, силох, таёра, бронитехника… бидиханд, то бародарони хешро нобуд созанд ва савори танку бо дастгирии лашкари узбек вориди пойитахт гаштанд, имруз хешро точик мехисобанду мекушанд, ки  харифони сиёсиашонро, чун  турк ба атрофиён муариффи бинмоянд. Точик касест, ки худро точик мехонад, новобаста дар кучо таваллуд шудасту бо кадом лахча сухан меронад.

Соли 1993. Гурезахои точик ба самти Афгонистон фирор менамоянд...

     Разведкачиён, шаркшиносон, мардумшиносон мардуми моро аз чор самт  пурра омухтаанд, чои заифи онро нагз медонанд. «Моссад» тавонист, ки полисияи махфии кишвархои собик шурави ва хусусан кишвархои Осиёи Миёнаро муттахид сохта бар  зидди Хокимияти муросои милли  бархезонд, хатто спеснази Исроил бо бахонаи кумак ба яхудиён омода буд, ки вориди Душанбе гардад (вактхои охир маводхои зиёде  пайдо шуданд, ки исроилихо  бо «Моссад»ашон низ дар афрухтани чанги шахрванди сахм гузоштанд) Полисияхои махфи хуб медонанд, ки бемории кавми точик махалгароист ва онро пурра ба кор бурданд.




Порае аз чигари тоҷикро бурида ба Чин хадя намуда ва онро мансабдорон "галабаи бузурги дипломатияи тоҷик» хонданд... Холо Чин тахдиде накарда баъзе аз мансабдорон дар шалворашон тар карда гуфтанд, - агар ин заминро намедодем чинихо то Хоруг пешрави мекарданд. Кишваре, ки 150 генерал дорад зурашон танхо ба мардуми осоиштаи Исфараю Гарму Хоруг мерасад, вале назди неруи беруна очизу лол. Афгонҳои бесилох тавонистанд, ки империяҳои бузурги Британия ва Иттиходи Шуравиро шикаст диханд.


Русия аз 17 075 400 км² масохаташ- 337 км² замин ба Чин дод

Казокистон аз 2 724 900 км² масохаташ - 407 км² замин ба Чин дод

Киргизистон аз 198 500 км², масохаташ - 12 км² замин ба Чин дод

Тоҷикистон аз 143 100 км² масохаташ -1300 км² замин ба Чин дод
Тоҷикистон бе ягон бахсу муборизе масохати 2 баробари Сингапуру Бахрайнро ва ё кариб 700 маротиба зиёдтар аз масохати Монакоро оромона бо ду дасти адаб ба Чин дод

Сан-Томе ва Принсипи 1001 км²
Доминика 754 км²
Тонга 748 км²
Кирибати 726 км²
Микронезия 701 км²
Бахрайн 695 км²
Сингапур 693 км²
Сент-Люсия 616 км²
Андорра 468 км²
Палау 458 км²
Сейшел 455 км²
Антигуа ва Барбуда 442 км²
Барбадос 430 км²
Сент-Винсент ва Гренадини 389 км²
Гренада 344 км²
Малта 316 км²
Малдив 298 км²
Сент-Китс и Невис 261 км²
Чазираҳои Маршал 181 км²
Лихтенштейн 160 км²
Сан-Марино 61 км²
Тувалу 26 км²
Науру 21 км²
Монако 2 км²
Ватикан 0.44 км²

Коршиносон мегуяд, ки чинихо дар оянда бахри карзхои додаашон, ки аз тарафи мансабдорони точик тороч мешавад, кисмхои дигари Мургобро аз худ хоханд кард. Фрухтани масохати 1300 км² ду баробар кишвари Бахрайн фавран вирди забонхо гашт холо он ки заминфуруши (ватанфуруши) солёни зиёд идома дорад. Мансабдороне, ки марказ бахри мустахкам намудани «хокимияти конститусони» ба минтакахо мефиристад, хамаи молу амволи зери назоратшон бударо ва хатто порае аз ватанро ба фуруш мезананд ва ошкоро мегуянд, ки вазифаашонро бо фалон хазор доллар бихариданду бояд пули сарфкардаашонро баргандонданд. Мансабдорони бо Вируси М захролудгашта дар пораи замини фурухташудашон пораи ватани хешро намебинанду балки молиякияти махали гайрро мебинад. Порахои замини точик дар шимолу чанубу гарби кишвар ноаён ба хисоби Узбекистону Киргизистон гузаштаанд. Ба шарофати «сиёсати хирадмандонаи» масабдорон дехахои калонтарини точикнишин кишвар - Воруху Чоркух без замин мондаанд. Кочокбарони афгон бо «ризоияти» мансабдорон 34 гектар замини Шурободро зери назорати хеш гирифтаанд. Бо рухсати сархадчиёни точик чиноихо бо техникахои зиёде дар Мургоб вориди кишвар шуда заминхое ки металлхои киматбахо доранд ба мошинхо бор карда ба Чин мебаранд.
Поягузори заминфуруши (ватанфуруши) дар Точикистон яке аз пирони «хокимияти констутсиони» Изатулло Хаёев ба хисоб меравад, зеро у 350 гектар замини точикро (дар Ворух) ба киргизхо хадя кард. Шогирдон анъанаи устодашонро идома дода 350 гектар нею 1300 км² (яъне 130 000 гектарро) ба Чин хадя карданд. Саховатпешагии хокимони точикро дида на танхо Узбекистону Киргизтон бо чашми таъма  ба замин точикон менигаранд, балки гурухе аз сиёсатмадорони Маскав даъвои Бадахшонро доранд. Киргизхо хуб медонанд, ки  точикон ба маризи махалгарои гирифторанду сарварон фурухтани замини махалри «гайро» бахри хеш шараф медонанд, бинобарин пайваста фишор оварда заминхо атрофи Воруху Чоркухро сохиб шуданду кунун ба заминхо дар атрофи Хучанд часпидаанд. Вазире, ки хадяи 1300 км² заминро ба Чин «галаби дипломатияи точик» хонд, пас аз тарк вазифа хаводоронашу хаммахлонаш перомунаш китобу маколахои ситоиши навишта бо тантана чун сафир ба кишвари бонуфузе гусел бинмуданд.
 Как Хаёев отдал 350 га земель Воруха Киргизстану?




     Ононе, ки вируси М ро пахн месозанд, барои миллати точикро боз хам парокандаву заифтар сохтан кунун вожаи «кухистони» ро ба кор мебаранд, холо он ки 93 % Точикистон кухсор мебошад, боз точикро бо рохи сунъи ба кухистонию водинишин чудо месозанд. Бисёрихо даст бар сина зада (академикхо, профессорон, олимон, адибон, рузноманигорон, мансабдорон, дипломатхо…) кухистони будани хешро пайваста зикр карда меистанд, яъне - ман точики одди не, балки кухистониам. Бисёре аз онон хиёнатхои ба миллатшударо танхо аз точикони водинишин мебинанд. Чанги тахмилии Точикистон собит намуд, ки аз кучо ва аз кадом махал баромадани шахс чизеро муаян намекунад. Хоин дар води хам хоин мемонаду дар кухистон хам хоин.
     Ононе, ки кухистони будани хешро пайваста зикр мекарданд: Сафарали Кенчаев, Сангак Сафаров, Мухриддин Ашуров барои ба вартаи хунин кашидани Точикистон сахми асоси гузоштанд. Яке бахри мансаб шуда кишварро ба вартаи носуботи афканда бо лашкари узбек пойтахти точиконро забт кард, дертар лашкараш водии Хисор, Душанбе, аз Кофарнихон то Тавилдарро аз рухониёну тарафдорони нерухои демокративу исломи, бадахшениёну гаримиён берахмона «тоза» кард. Дигари бо муллои КГБ, котиби райкоми «тачовузшуда», муаллими дутори, мардумро ба по хезонда ба Душанбе оварда ба чанги шахрванди поя гузошт, бо дасти худ сарвари вилояти Кулоб Чиёнхон Ризоевро кушт, силохбадастонаш бо дастахои лакайю узбеку араб, нерухойи низомии Узбекистон, гурухи полковник Квачков, узбекхои Дустум пайваста вилояти Кургонтеппаро аз точик тоза кард ва мардуми фирориро ба самти Афгонистон танг намуда дар оби сарди Панч гарк сохт, то зинда мондагонашон абадан ба ватанашон барнагрданд. Сеюмин барои он ки двизияи 201 ба хисоби Точикистон нагузарад, бо ширкати хешовандонашу тарафдоронаш Р. Набиевро дар фрудгохи Душанбе мачбур бинмуд, ки ба истеъфо биравад, то двизияи 201 чун неруи мустакили низомии Кремил дар кишвар бимонаду точикон сохиби артиш нагарданд, дертар барои ба кудрат омадани «хокимияти конститусиони» тоза кардани кишвар аз оппозисия сахми азим бигузошт. Коршиносони узбек «хизматхои» Сафарали Кенчаеву Санкак Сафаровро бахри саркуб кардани харакати озодихохи точик, ки барои кишвари хамсоя хатари зиёде дошт - эътироф мекунанад. Мухриддин Ашуров дертар барои хизматхояш: дар хайати Русия нигох доштани дивизия 201 ва ширкаташ дар чанги дуюми Чеченистон бо унвони Кахрамони Русия мушарраф гардид.
     Як сохибмансаби воломакоми хокимияти Р.Набиев, ки пайваста кухистони будани хешро таъкид карда меистод, соли 1998 чанд мох дар урдугохи генерал Дустум зиста интизор буд, ки кай узбеки афгон Абдурашиду узбеки точикистони Махмуд уро ба Хучанд бурда бо дуои сарвари узбек Ислом Каримов раиси чумхур эълонаш мекунанду Точикистонро чун Корея ба ду кисм пора мегардонад…
      Соли 1961 Кремил бо кумаки як кухистонии мансабпарасте давлати кавии Точикистонро зери сарварии Турсун Улчабоев (котиби якуми КМ ПК Точикистон) Назаршо Додхудоев (Раиси Совети Вазирони Точикистон) сарнагун намуд 700 - 900 нафар бехтарин фарзандони кишвар аз вазифахо барканор шуданд, ба зиндон афтоданд ва ё хукми катл гирифтанд. Кремил мансабпарастро «бахри хизматхояш» дар кишвари чахони сеюм сафир таъин кард. Пас аз солиёни дарозе у дар зодгохаш пайдо мешавад, мардум дар кучахои дехашон марди шортпушу дар дасташ сагчаеро гирифта гаштугузоркунандаро дида ангушти хайрат мегазиданд…
         Як кухистони ки дар Хоруг мансаби хизбиро бар душ дошту Фронти халкии Каримов  ба у мансаби  баландеро раво дид, дар кабинети бархавои хеш нишаста мафтуни мансабу макоми чадиди хеш гашта зи хушнуди меболид. Ва дар ин лахзахо бошад полисияи махфию лашкари Узбекистон бо кумаки туркони махалию точикони бародаркуш дар кучахои Душанбе бадахшониёнро шикор мекарданду модарони гирёну нолон  часади фарзандонашонро мечустанд. Соли 2012 дар мохи шарифи рамазон Хоруг дар ихотаи артиши 3 хазора афтоду манзилхо хароб мегаштанду месухтанд афсарон ба сари сарбозони гуруснаву озмоишнадида фарёд мекарданд ки ...... бояд нобуд сохт… Ва дар ин лахзахои хунин боз садои ин шахси бо дуои пири туркон ба мансабрасида ба гуш расид, ки ин икдоми «хокимияти кониститутсиони» нисбати бадахшониён  друст аст…
      Танхо афкори бемору бо вируси М захролудгашта чунин андешахоро тавлид месозад, ки дар як мухит кахрамонону дар дигаре танхо хоинон ба арзи хасти меоянд. Хоин - дар хама чо хоин аст.
     Точикон дар мухочират сарсону саргандон гашта бо чашми хеш диданд, ки чи кухистону водинишин чи шимоливу чануби чи сунимазхабу шиамазхаб бахри бегонгон тафовуте надорад, хама барои онхо намоядагони миллати бесохиби точиканд, ки бахри пораи ноне сарсону саргардонад…
      Точикони аз кухистон ба води фароварда шуда дар Турсунзода ба точикони махали бо назари бегона менигаристанд. Лахзае ки лашкари Узбекистон, дастахои каллабури узбекони махалли ба катли омми ононо пардохтанд, точикони махали бетарафиро ихтёр фармуданд. Вакте ки узбекон нохияро аз кухистониён тоза карданд, ноаён аз паси точикони махали гаштанд…
      Мансабдорону депутатхо масохати 1300 км² ду баробари кишвархое, чун Сингапуру Бахрайнро ба Чин дода онро «галабаи дипломатияи точик» хонданд (коршиносон мегуянд, ки ин замин ба ивази 500 миллион доллар фурухта шудаст) бори дигар собит месозад, ки аз баромади махали инсон чизе вобаста нест. Дар парламент танхо ду нафар нахзати зидди ин амали гайриконститусони баромад, агар он руз ба овоз гузошта мешуд, ки хамаи буду набуди Точикистон бо мардумаш ба Чин дода шавад, депутатхо якдиллона овоз медоданд, зеро мансабдорони мо зи хисси миллию кишвардори махруманд,  вале хисси махалгароиашон ба 1000% мерасад. Онон аз Абдулло Рахимбоев, Файзулло Хочаев, Абдурауф Фитрат… чи тафовуте доранд? Хадафи ин равиш - ба кухистонию водинишин, шимолию чануби, сунию шиа... чудо намудани точик, миллатро заиф сохтану пароканда кардан аст. 
     Сатхи интеллекти депутатхои точик ончунон «баланд» аст ки бештари вакташонро бо бозихои тифлонаи компютери мегузаронанд.  Колхозчиву тракторчии дирузаро ба гарданаш галстук биовезиву шиму костюм пушониву бар сараш кулох нихи – гайримконаст ки  он ба сиёсатмадор табдил биёбад. Мансабдорони бехунари точик  шармандавор дар суди Лондон мурофиаро бо Аваз Назаров бой доданд ва зиёда аз 200 миллон доллари Точикистон ба бод рафт. Як дипломат дар хотирахояш навиштааст, ки ба кару фари мансабдорони точик нигариста бовариат намеояд, ки дар яке аз кашоктарин кишвархои чахон хузур дори.
     Чудосозандагон накшахои "дустони" моро пиёда меукнанд, зеро хангоми парокандашави неруи зехнию чисмони миллат заиф мегардад. Шахрхои кадимаи точикро низ куххо ихота намудаанд, вале онон худро кухистони наметарошанд, зеро ин яке аз нишонахои авомист.
      Дар Афгонистон чудо шудани точикон ба бадахшони, панчшери, хироти мавкеи паштунхоро кави сохту дар Точикистон парокандагии точикон ба бадахшони, кулоби, сугди, гарми…мавкеи нерухои берунаро мустахкам бинмуд, то зуран ба гардани точикон чанги шахрвандиро бор бикунанду хамаи дорои кишварро ба горат бибаранд.
      Бузургии ислом дар он аст ки миллату кавмхои мухталифро зери парчами Илохи гирд оварда ба бузургтарин дини дунё табдил дод, бадбахтии махалгароён дар он аст ки миллати ягонаро пора - пора сохта ба як тудаи бехукуку бесохибу гулому мардикор табдил доданд.
Хучанд андар огуши куххои Мевагул




 Дехаи точикнишини Богистон
Зодгохи Рахматулло Зойиров, ки дар марзи Казокистону Узбекистону Киргизистон дар огуши куххо чойгир шудааст. Хеч кас нашунидааст ки Зойиров худро кухистони хонда бошад. Ин деха зодгохи бисёре  аз бузургони олами ислом ба хисоб меравад, яке аз онхо Хоча Ахрори Вали (1404 - 1490) мебошад. Аммо маризони бо вируси М захролуд гашта, пайваста мекушанд онхоеро ки берун аз сахради имрузаи Точикистон таваллуд шудаанд турк хонанд, то дигар Точикистон хонаи умеди точикон нагардад, сафи точикон наафзояд, кадрхои бехтарини точик дар хизмати дигар миллатхо бимонанд. Аз солхои 20 то огоз солхои 90 точикони беруна дар тамоми соххахои Точикистон сахми бузург  доштанд, сиёсати пешгирифтаи "хокимияти конститутсони" точиконии берунаро фавран чосус ва ё узбек эълон мекунад, намегузорад ки точикони Осиёи Миёна худро миллати вохид хисоб бикунанд. Точикони беруна бо хазор як умед вориди Душанбе мегарданд, вале махалгароён фавран ба руяшон мекашанд ки шумо бахри мо бегонаед. Махалгароён дар хизмати пантуркистон истода мекушанд, то кисмхои пора - пора гаштаи точик бо хам наоянду сафи миллат нафазояду точикони беруна ноаён ба турк табдил биёбанд. Бисёре аз махалгароёни ашадди худ аз туркону мугулнаждодони точикшуданд.




 Равшанбек Собиров. Нахустин точике ки дар вазифаи баланди давлатии Киргизистон нишаст. Сарвари созмони точикон ба номи устод Рудаки ки ба точикони дохиливу беруна кумакхои зиёде бинмудааст. Вакте ки у ба мансаби вазири бирасид, чомеаи точик хушнуди хешро пинхон дошта наметавонист, вале лахзае ки уро бо тухмат паси панчара афканданд, хамагон мухри хомуши бар лаб бизаданд. Чомеаи шахрванди Киргизистон интизор буд ки хангоми сафари президенти Точикистон ба Бишкек   масъалаи Равшанбек Собиров хали мусбати хешро хохад ёфт.  Аммо на президент, на ахли рикобаш Равшанбек Собировро хатто ба хотирашон наоварданд, зеро у бахрашон зодаи махали гайр буду бас. Вале мансабдорони воломакоми точик  барои хешовандашонро аз махбаси Русия  берун кашиданд  таёраи русро бо хавонавардонаш ба гаравгон гирифтанд.  Дар чавоб Кремил  мухочирони точикро зери фишор гирифт ва зиёда аз 3 хазорашро депортасия намуд

     Холо як грух «олимони» ба шарофати Фронти халки сохиби унвонхои академику профессор шуда, ки магз андар магз бо вируси М захролудгашта, кушида истодаанд, ки забони адабии точикро, ки дар Бухорову Самарканд  ташаккул ёфтааст, бо лахчаи хеш иваз кунанд ва гурухи дигар дар кушиши онанд, ки пойитахт ба минтакаашон  кучонида шавад. Гарчанде, ки дар замони шурави кисми зиёди ахолии Душанберо русзабонхо ташкил мекарданд, вале точикон ба забони адаби сухан меронданд, кунун забоне, ки аз он нахкати Бухоро меояд  чойи хешро ба лахчаи Фронти халки, ки  бо вожахои феня (забони олами чинои) омезиш ёфтааст додааст. Оё ин лахча миллати точикро, ки намояндагони лахчахои мухталифро дар бар мегирад бо хам оварда накши забони миллатро муттахидкунандаро ба чой оварда метавонад, то чойгузини забони ашрофзодагони Бухоро гардад? Самаркадиёну бухориёне ки ба пойитахт меоянд  низ зикр мекунад, ки  забони Душанбе нихоят дурушту кучаги  гаштааст. Ононе,  ки пойтахти чадиди точиконро бунёд карданд, мекушиданд, ки он чойгузини Бухорои Шариф бошад. Забон, одобу рафтори Бухоро тадричан махв мегардад (дар бораи беодобиву дагали, зуроварию пулситони, гумшавии богочи мусофирон... дар фурудгохи Душанбе расонахои чахони пайваста менависанд. Фурудгохи Душанбе   «ангуштнамо» бигашт,  бори нахустин дар таърихи чахони муосир диломатхою сафоратхонахои хоричи аз «мехмонавози» точикон ба дод омада ба президент мурочиат намуданд. Хоричиён аз фурудгоххои Точикистон гузашта боварии комил хосил мекунанд, ки дар хакикат точикон миллати "кухану ориёнаждоданд"  Шояд он ягона фурудгохи байналмилали чахон бошад, ки кормандонаш бо мичозон на бо забони давлати, балки бо лахчаи дехаи хеш сухан меронанд)  Дин мубини ислом, ки нишонаи олии  Бухорои Шариф аст, имруз дар Душанбе пайваста зери фишор аст, мансабдорон мекушанд шумораи масчидхо кохиш ёбаду  дар пойитахт садои азон шунида нашавад. Ачнабиён дар шигифтанд, чи тур  хешро ворисони Бухорои Шариф мехонанду  боз дини Илохиро зери фишор мегиранд.  (Туркия кишвари исломиест, ки аз хама зиёд масчидхоро  дорост. Сатхи зиндагии Туркияю Точикистон хатто кобили мукоиса нест. Вакте ки президенти Туркия  дар намози чуъмаи Душанбе ширкат варзид, мансабдорони точик шигифтзадда гаштанд)  
Бухорои Шариф - Модари шахрхои ирониёни шарки ...
Бухорои Шарифро болшевикон бо кумаки чадидон, туркхои усмони, полкхои тотор, хоинону чосусон  аз хисоб бухориён берахмона торумор бинмуданд, то дар ин шахри мукаддас аз ислому забони форси ному нишоне намонад. Болшевикон намехостанд, ки Бухорои Шариф тавассути дини мубини ислому забони форси фазои азими Авруосиёро зери назорат дошта бошад ва вазифаи асили хеш дили Мовароуннахро бар чой биоварад. Амир Олимхон(ба гуфти падараш Амир Абдулахад – Гови Олим) неру дифои ин шахри мукаддасро надошт, ва чун «амирони» муосир хамеша банди айшу ишрати хеш буд. Кунун ворисони Амир Олимхон мекушанд, кабри падарашонро аз Афгонистон ба Узбекистон ва ё Точикистон оваранд, вале ин кишвархо ризояти хешро надоданд. Вакте ки Бухорои Шарифро рухан махв сохтанд, сохибони асили ин шахри мукаддас точикон низ тадричан ру ба таназзул ниходанд ва аз шахомате ки то 2 сентябри соли 1920 доштанд, дигар ному нишоне намонд. Болшевикон  бахри хадафхои сиёсиашон имкон доданд, то точикон порае аз Аморати Бухороро  сохиб шаванд. Нерухои ахримани бахри махви Бухорои Шарифу миллати точик се точикро истифода бурданд – Файзулло Хочаев, Абдурауф Фитрат, Абдулло Рахимбое. Вакте ки казок Султонбек Хочанов манфиати точиконро дифо мекард, точик Абдурауф Фитрат вучуд доштани миллати худро инкор мекард. "Фитратро бояд кушт ва сари гураш бо фигон ва талх бояд гирист" - Бахои Садри Зиё ба шахсияти Фитрат. Нерухои ахримани хангоме порашавии империяи болшевикон боз ду точикро - Сафарали Кенчаев ва Сангак Сафаровро зи кулвори хунинашон берун оварданд, то бо дасти онон кабри точикро бикананду пораи Аморати Бухоро дар дасти точикон мондаро низ бо дасти хоинони точику кабилахои турку мугули берунаву дохила ба фазои турки табдил бидиханд. Агар соли 1920 болшевикон ба ашрофзодагони точик такя намуда Аморати Бухороро нобуд сохтанд, лахзахои ба партобгохи таърихи фуру рафтанашон ба авомзодагони точик такя намуданд. Хадафи болшевикон аз руз нахустини ба ин сарзамин пойи номуборакашонро гузоштан, рухану чисман махв кардан ирониёни шарки буд, зеро дину диндории ин мардум писандашон набуд. Хангоме ки точик Хабибуллохи Калакони (Бачаи Сако) кудратро дар Афгонистон ба даст гирифт болшевикон ба Афгонистон лашкар кашида то Мазори Шариф пеш рафта, талаб карданд ки Хабибуллохи Калакони аз мансаб ба  фоидаи намояндаи паштунхо Нодиршох даст кашад, вагарна аз хоки Афгонистон берун нахоханд рафт. Хабибуллохи Калакони пас аз он ки аз мансаб даст кашид уро берахмона ба катл расонданд. Декабри соли 1979 ворисони болшевикон дар асоси накшаи Андропов, Громико, Устинов вориди Афгонистон шуданд ва фавран вучуд доштани миллати точикро дар ин кишвар инкор  сохтанд, мегуфтанд ки дар Афгонистон ду миллати асоси - паштунхо ва узбекхо зиндаги доранд. Агар болшевикон солхои 30 аз Афгонистон берун намешуданду он чо мемонданд, дар он чо низ точикро ба паштуну узбак  табдил медоданд. Империя Рус низ ба точикон хушбин набуд, амирро мачбур сохтанд, то рузномаи «Бухорои Шариф»ро бандад, то мардуми Авруосиёро аз таъсири мактаби дини Бухорои Шарифу забони форси дур нигох доранд. Николайи 2 пеш аз он ки  инкилоби феврали аз мансаб барканораш намояд  дар сар нияти ба империяи Рус пайвастани Тибету Иронро мепарварид.  Болшевикон соли 1941 бо инглисхо вориди хоки Ирон шуда Ризошохро сарнагун сохтанд ва кисми шимоли Ирон ба ихтёри шуравию кисми чанубаш ба ихтёри инглисхо гузашт, большевекон кушиданд дар Озорбойчону Курдистон давлатхои лухтакмонанди хешро созмон дода сипас онхоро ба хайати СССР ворид созанд, вале фишори чомеаи чахони мачбурашон кард, то СССР аз ин накшахои госибона даст кашад. Болшевикон дили миллати точик – Бухоро бурида ба бадани бегона пайвастанд, то ин миллат аз сахифаи  таърих нопадид гардад. Дили сунъние ки (Душанбе) сохтанд, болшевикон пеш аз маргашон онро ба ихтёри  ворисонашон аз Туркфронт гузоштанд ва ононро бо танку силох бо кумаки лашкари кишвари хамсоя вориди пойитахт намуданд ва ворисони Туркфронт Душанберо ба яке шахрхои «шукуфон»и олам табдил доданд. Хусусан иронинён вориди ин кишвари форсизабон гашта аз «одобу гуфтори» «Душанбеи шукуфон» ангушти хайрат мегазанд. Ворисони Туркфронт мекушанд, ки дар ин шахр садои азон шунида нашаваду наврасон вориди масчид нагарданд, мардону ришдору занони хичобдор дар хиёбонхояш  гаштузор накунанд, мардум дар фазои насрониву гарбиву зиндаги бинмояд, сафи майкадаву фохишахонахо афзояд, забони куча бо омезиши фена аз вазоратхонахо то майкадахо садо бидихад. Ворисони Туркфронт имруз дехахои хешро аз Бухорои Шариф кухантар мехисобанд ва гуё тамадунни ирониёни шарки(точкинон) дар ин дехахо арзи хасти намуданду хамаи бузургони миллати мо дар ин дехахои то дируз бахри таърих ноаён таълим гирифтанд. Ворисони Туркфронт доктринаи болшевиконро ба мардум талкин месозанд ки гуё пеш аз инкилоби Октябр миллате бо номи точик вучуд надошту хама саросар бесаводу гулу нодон буданд. Нашармида мегуянд ки ба шарофати инкилоби болшевикон онхо одам шуданд, гуё ки гузаштагонашон чорпоён буданд. Бохти Бухорои Шариф, зери пой шудани оромгохи бузургони мо, махви дину диндорон, алифбою китобохо мо, марги 400 хазор инсону фирори шудани 1 миллион мардум ба хотири ворисони Чингизу Ленин  намерасад. Миллате ки 100 сол пеш ба кишвархои Авруосиё рухониёну шогидони мактабхои худроро бахри кави сохтани дини мубини ислом мефиристод, имруз гуломон бахри сохтумонхои  олигархони русу  наркокурерхои наркомафияро мефиристад. Вакте ки масхарабозон, продюсерон, сиёсатшиносон, олимони…. армани тавассути телевизон, синамо, радио, матбуот номи миллати моро бо чирк даромехта моро одам намехисобанд, ворисони Туркфронт дар ресторанхои арманихои  Душанбе нишаста сархуш зи шароб ба сохибони тарабхонахо зи дустиашон бо арманихо харф мезананду чи тур ба лашкархои бегона пайваста дар амалиётхои точиккуши ширкат варзиданашонро ситоиш мекунанд…  Ягон дехаи бо зури Калашников шахр шудаву ва андар огуши хеш  «бузургони» кавмхои турку мугулро парварида  хеч гох чойгузини Бухорои Шариф шуда наметавонад. Миллатие ки  гузаштаашро пеши пой мезанад оянда надорад…
    Чанги шахрванди дехотиёнро шахрнишин бинмуд, онон тарзи зисти пойитахтро напазирутфа зуран урфу одат лахчаи хешро ба сари он бор мекунанд. Хоричиёни забони адабиро омухта  ба Душанбе меоянду хайрон мегарданд ки касе забони ононро намефахмаду касе ба он сухан намеронад ва аз бо адаби сухан рондан атрофиён хазар мекунанд. Пойитахт бояд бо тарзи гуфтору рафтораш барои атрофиён намуна бошад, вале Душанбеи наврас чун  Бухоро солхурда неруи онро надорад, ки аз фарханги дехнишинон хешро дифо кунад.  Дар хамаи  идорахои давлати аз касри президент сар карда  то мактаби дехаи дурдастарини кишвар забони адабиро инкор мекунанд, гарчанде, онро расман гайриконуни эълон накардаанд. Бисёре аз мансабдорон хатто дар хорич аз кишвар дар вохурихои расми бо лахчаи дехаи хеш сухан ронда атрофиёнро дар шигифт мемонанд ва зердидастонашонро мачбур месозанд, то бо лахчаи онон сухан ронанд.


Намунае аз суханронии масабдорони муосир



Забоне, ки силохбадастони Сафарали, Файзиали, Бобои Сангак ба Душанбе оварданд 
Дастпарварони Туркфронти Каримовро нахуст аз Хучанд ба Тирмиз оварданду пас аз машварат бо пири туркон савори танкхои  Узбекистону дар ихотаи спесназаш вориди Душанбе карданд. Ба шарофати «хокимяти конистутсиони» ваъзи забони точики(форси) ки дар даври хокимяти Махкамов макоми давлати гирифта ва хатто ба пешравихое ноил гашта буд, ру ба таназзул ниход. Хокимони нав забони адабиро инкор мекарданду бо лахчаи хеш ва ё бо руси харф мезаданд.  Рузноманигоре бо яке аз фармондехони каттоли Туркфронт мухосиба кардани мешавад ва у бо газаб мегуяд ки бо точики сухбат кардан намехохад, зеро даври точику забонаш тамом шуд… Он рузу шабхо  дар кучахои Душанбе сарбозони Туркфронт точик шикор мекарданд ва яке аз рузномахои Туркия хушхабар пахш намуд, ки дар Осиёи Маркази боз як кишвари турки пайдо хохад шуд. «Хокимяти конистутсиони» пурра аз одамони Узбекистон ташкил шуда буд, хадафашон Точикистонро аз точик пок кардану ва онро чун чумхури худмухтор зери назорати кишвари хамсоя нигох доштан буд. Бори аввал дар таърихи кишвар  узбек чонишини якуми Раиси Шурои Оилии Точикистон таъин гашт. Дар бисёре аз нохияхои сархади  чаласахои макомоти махали ба забони узбеки мегузашт, дастгохои махсус  васл намуданд ки мавчхои радио ва телевизони Узбекистонро пахш мекард ва ё фармондехони махали ба узбеки баромад мекарданд. Ба бисёре аз колхозу махаллахо номи сарвари кишвари хамсоя ё узбекхои дар точиккуши «корнамои» нишон додаро гузоштанд. Дар долонхои хокимият гуфтушунидхо дар бораи ба забони узбеки, руси додани макоми давлатию кушодани донишкадахо, радио телевизон, театрхо, рузномаву мачаллахои узбеки сухан мерафт. Фишори шадиди оппозисион дар майдони набард накшхои туркфронтчиёну сохибонашонро ботил бисохт. Онхое ки дар матбуот радиою телевизон кор мекарданду мутахассиони варзида ба хисоб мерафтанд, гарчанде тарафдорони оппоситсия набуданд аз вазифахо барканор шуданд, чойи онхоро туркфронтчиён аз хисоби точикхо, лакайхо, карлукхо ки на савод доштанду на мутахасис буданд, вале баромади махалиашон хокимонро конеъ месохт, гирифтанд. Туркфронтчие дар радио вазифаи баландеро сохиб мегардад, пайваста бо таппончааш ба зердастонаш тахдид карда услуби корбарии «хокимяти конистутсиони» ро  нишон медихад. Забоне ки аз устод Айни ба мо мерос монда буда бо бахонаи онки гуё он забони ленинободихост аз хама чо ба тадрич ронда шуд. Солиёни дарозе ихтёри забони точики дар дасти яке аз махалгароёни ашшади буд. Як корманди масъули вазорати маориф (аз лакайхои Файзали) хангоми сафари кори дар Сугд ба зердастонаш фармудааст, дигар ба адаби харф назанад, даври забони ленинободихо ба анчом расид, чунки мо «точикони асил» хокимиятро ба даст гирифтем, имруз дар пойитахт хама ба забони чаноби оли харф мезанад, дер ё зуд шимоли кишвар ин забонро кабул мекунад. Агар Узбекистон аз руйи накшахояш ба курси рохбарияти Точикистон Сафарали Кенчаевро ва ё Нарзулло Дустовро мешинонд пас имруз хама бояд бо ягноби ва ё дарвози харф мезаданд? Забон куча вориди идорахои давлати гашт, баъзе аз сарварон то кунун дар чаласахо ба кормандонашон  бо суханони кабехи к… о..  мурочиат мекунанд. Ирониён бо мехр вориди Точикистон мегарданд, то ворисони Рудакию Синоро бунинанд, вале ин чо онхоро забони дагали бо дашному вожахои барои форси бегона, рафтору гуфтори ба ягон чорчубаи адаб  рост наоянда  интизор аст, мехмонон нахуст гумон мекунанд ки ба порае аз Ирони Бузург нею балки ба фазои туркию мугули афтодаанд. Кисми дигар ки забони Туркфронтро напазируфт худро ба огуши забони руси заданд, дар хона, кор, куча бо руси сухан меронанданду бо нафрат ба забони бесохибмондаи модариашону дини мубини ислом нигариста худро намоядаи фарханги славяни мехисобанд, баъзеашон аз дини бобогиашон низ даст кашиданд. Се депутат, ки ду нафарашон бо точики харф зада наметавонанд, парламентро мачбур бинмудан, то аз конун забони давлати калимаи форсиро бардорад. Точикистон пайваста мекушад ки робитахои фарханги бо Ирон махдуд гардаду дар кишвар  мактабу марказхои ирони пайдо нашаванд, вале шумораи мактабхои туркиро афзуда пантуркистони ояндаро  ба воя бирасонанд. Забони имрузаи Точикистон аз хама он чизе ки ба Ирону Афгонистону чахони форси хос аст худро канор мегирад ва бо  як забони суъние ки дар колиби забони руси сохта шуда амал мекунанд. Точикистон хаматарафа кушид то лоихаи телевизиони форсизабонон амали нагардаду омузиши хуруфи форси дар кишвар ривоч наёбад. Имруз бисёре аз барномаву радиову телевизиони Точикистон низ аз Русия нусхабардори карда шудааст, хатто логотипи шабакаи аввал. Дастпарварони Туркфронт худ неруи офаридаи чизеро надоранд, нашармида моли дигаронро мерабоянд. Забоне ки бо он 235 миллион нафар харф мезананду онро яке аз забонхои зебои чахон мехисобанд, дар ватанаш хору зор аст. Имруз агар дар Душанбе бо адаби харф бизанед ба шумо чун ба бегонаи аз дигар саёра омада менигаранд, фавран дар такси, ресторан, бозор  нархро бароятон мебароранд. Кишвар бори нахуст бе забони ягона ки хамаро бо хам мепайвасту чун миллати вохид муариффи мекард, монд. Дар хама чо лахчаи туркфронтчиён бо омезиши феня(забони олами чинои)ба кор меравад. Мангитиён  низ ривочи забони форсиро намехостанд, вале неруи ба он фишор оварданро надоштанд, танхо Шашмакомро маън карда тавонистанд. Сарварони «хокимяти конистутсиони»  низ кушиданд Шашмакомро бекор кунанд ва суханони пирашонро ки "Шашмаком" ба мо даркор нест. Бигузор ленинободихо дар рузи мотамашон гуш кардан гиранд» ро  мардум дар ёд доранд.
 
Оилахое, ки дар рушди кишвару миллати  мо сахм гузоштаанд, кунун мекушанд фарзандонашон дар мактабхои руси тахсил кунанду бо руси сухан ронад, холо он ки дар замони шурави фарзандони онон дар мактабхои точики тахсил мекарданд. Ашрофзодагони точик худро ба фазои славяни пайваста мекушанд хешро аз фишори фарханги Фронти халки бо хуну силох ба пойитахт ворид шуда начот диханд. Фарханге, ки Сафарали Кенчаев, Сангак Сафаров, Файзали Саидов бо кумаки генералхо Мухриддин Ашуров, Рустам Ахмедов ва зери сарвари «рохбарии хирадмандонаи» Борис Елсину Ислом Каримов бо Калашников, БТР, БМП, Т-72  ба пойитахт оварданд дар худ тарсу харос, нафрату кудурат, фишору дагалиро чабидааст ва намегузорад, ки миллати точик бо хам омада зи маризи махалгарои начот биёбад. Танхо забони адаби неруи онро дорад, гуруххои мухталифи точикро бо хам пайваста то сатхи миллати ягона бардорад. Русхо дар аёмаш дарк бинмуданд ки махалгарои кишваррашонро ба самти порашави мебарад, берахмона махалгароиро решакан карда мардуми парокандаи гуруххои мухталифи этникро зери  забони ягона мутахид сохта империяи бузургеро ба арзи хасти оварданд.


    КГБ барои он ки чомеаи точикро пайваста зери назорат дошта бошад, гуруххои махсусе дошт, ки байни махалхо низохо ташкил мекарданд (бештар байни точикони бадахшониву кулоби) Идорахои чосуси холо барномахое, тахрези намудаанд, ки точикон аз миллати хеш руй тофта худро бо номи махалашон муариффи намоянд, то дар оянда Точикистонро ба се кисм пора созанд. Груххои махсуси зери назорати разведкахои хоричи амалкунанда   ба мухочирон фишор меоранд, то хешро аз дигар  гурухои точикон канор бигиранд,  бо точики сухан наронаду худро точик нахонанд. Агар пахншавии вируси М -ро пешгири накард, ногузир кишвар пора гашта аз точику Точикистон ному нишоне нахохад монд. Аз тарафи идорахои чосуси  дар бораи махалхои мухталиф латифаву овозахо панх  карда мешавад, ки дар он намояндаи ин ва ё он минтака тахкир ва масхара мегардад, то ягонаги байни миллати точик  ба вучуд наояд. Ба точикон ноаён талкин менамоянд, ки гуё онхо аз ухдаи давлатдори намебароянд, зеро махалгарои дар хунашон чой шудааст ва бояд чун чумхурии автономи ба сафи ягон кишвар (академику профессорони Фронти халки низ пайваста ин лоихаи аз берун омадаро ба омма талкин мекунанд) ворид шаванд. Ваъзи сиёсиву ичтимои дар Гурчистон аз Точикистон бех набуд, (махалгарои дар байни гурчихо низ нихоят зиёд аст) хангоме, ки сиёсати давлат тагир ёфту кадрхои механпараст ба сари кудрат омаданд, ин маризи бо тадрич ру ба кохиш овард. 


Мансабдоре дар нишасте ба ситоиши махали хеш  мепардозад - Руссия хамеша пушту паноху дусти  мо кулобихо хохад монд… Марди солхурдае мегуяд ки бахри империяхо дуст вучуд надорад. Руссия соли 1920 - мо пушту панохи шумоён гуфта бо дасти як гурух бухориён Бухорои Шарифро нобуд карда бо кумаки онхо хамаи он чизе ки ба точикон мансуб буд ба ихтёри узбекхо  гузошт, 46 сол бо дасти ленинободихо хокимиятро дар Точикистон зери назорат гирифт. Вакте ки ленинободихо нодаркор шуданд бо кулобихо дуст гашта бо дасти онхо гармиёну бадахшониёнро торумор намуда карлуку лакайхоро ба сари давлат шинонд. Холо дар атрофи помирихо тор танида онхоро ба худ наздику аз точикон дур андохта, Бадахшонро оянда аз Точикистон чудо кардани… Рузе ки кулобихо нодаркор шуданд бо дасти ягон гурух онхоро сарнагун карда гурухи заруриро ба мансаб мешинонанд. Империяхо пеш аз хама манфиатхои хешро ба инобат мегиранд, барои онхо кулобию гарми ленинободию помири лухтаканду бас….   
 
Рохе, ки  чайби шимолиёну чанубиёнро пайваста меафшонад, дилхоро зи хам дур месозад, заминаро барои афзоиши вируси М  меафзояд...
      Вируси М натанхо дар муносибати байни одамон ва махаллхо ба назар мерасад, балки тамоми сохахоро фаро гирифтааст: сиёсат, артиш, идорахои давлати, илм, адабиёт, матбуот, телевизион, радио, донишкадахо, мактабхо, саноат… Хатто дар рох, ки дар он хисси махалгарои набояд ба чашм расад низ вируси М реша давондааст. Хамаи роххои кишвар аз хисоби карзхои хоричи сохта шудааст, маризи махалгарои мансабдорон ба он оварда расонд, ки махз барои шимолихо рафту омад ба дили кишвар – Душанбе пулаки шуд. Мардум ин муносибати ноодилонаи давлатдоронро нисбат  хеш дарк карда худро дар кишари хеш бегона мепиндоранд.
     

Зикри махал дар токи муд шудааст.
Кор то дарачае расидааст ки зоирони
 точик бо токихои ракамдор ки дар он 
номи махалашон зикр шуданд, дар 
Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара
 гашту гузор намуда намояндаи кадом
 махал буданашонро ба атрофиён 
хотиррасон мекунанд. Агар ин анъана 
идома ёбад дар оянда рехлат намудагонро
 низ бо токие ки дар он номи махалашон
 сабт гаштааст, ба гур мегузоранд.
Хисси махалгарои ба либос низ таъсир гузоштааст. Точикон токихои мухталифи зебо доранд ва  хеч гох точик дар токиаш наменавишт, ки у намояндаи ин ва ё он махал аст, кунун дар токи зикр кардани махал муд шудааст. Дар консертхо мачбур месозанд, ки танхо либоси як махал муариффи карда шавад, либосхои Самарканду Бухоро бошад бо тадрич насиби узбекхо гашта истодааст. Яке аз кашоктарин кишвархои дунё ба маркази чашнхои пурдабдабаю серхарч (коршиносон мегуянд, ки танхо барои парчами "балантарини чахон" -135 ва чойхонаи "калонтарини чахон" -60 миллион доллар сарф шудааст)  табдил ёфтааст.

    Кунун хар махал мекушад, ки  бо дабдаба чашни  хешро гузаронида собит созад, ки таърихаш волотарину кухантарин асту махз ба шарофати онон кишваре бо номи Точикистон арзи хасти дорад. Кахрамоние ки Конибодому конибодомиён нишон доданд дар таърихи навини точик бемисл аст. Феврали соли  1925 конибодомиён поезди Раиси ВСИК Михаил Калининро, ки  ба самти Фаргона харакат мекард, нигох дошта аз у хохиш карданд, ки то волосташонро ба Точикистон бипайванданд ва ё мухторият бидиханд, зеро онхо точиканд.
Конибодомиён дар назди поезди Калинин
Конибодомиён бо ин амалашон на танхо Конибодомро, балки Исфараву дехахои точикнишини атрофро начот доданд. Дертар сарварони ин икдом Аъзам Нодиров ва Махмудчони Ашурмуахаммадзодаро - Махмудчон ревком(падари асосгузори филмхои мазхакави точик Мукаддас Махмудов) бахри амали густохонаашон ба лагерхои сталини партофтанд, Аъзам Нодиров дар он чон дод. Имруз дар Точикистон мекушанд, ки дар бораи кахрамони конибодомиён дар матбуот чизе пайдо нашавад, заминфуруши имрузаи хокимонро чи тур ба мардум шахр бидод, зеро 350 гектар замини Ворух, ки Изатулло Хаеёв ба Киргизистон бахшиду заминхое ки имруз пайравонаш ба киргизхо хадя мекунанд, хамон заминхоест ки конибодомиён соли 1925 аз коми Узбекистон берун кашиданд.

      Кишваре, ки дар чанги тахмили 150 - 375 хазор фарзандонашро аз даст дод даххо хазор нафар  хангоми «чисткахои» Фронти халки ба катл расида дар кабрхои умуми зери хоканду то хол шахидони чанги бародаркуширо бо урфу одати бобоги дафн насохтанд, садои тавбаю надомат ба гуш намерасад, фазоро суруду ракс, ситошу мадхияхони фаро гирифтааст. Хар сол мансабдорон, созмонхои чаъмияти, матбуот 25 нафар сархадчиёни дар пойгохи 12 ум (13 – 07 – 1993 с.) халок гаштаро ба ёд меоваранд, вале касе 150 – 375 хазор курбонии чанги Точикистонро  ба хотир намеорад.
     Адабиёти солхои 90  ба ситоиши силохбадастони Фронти халки пардохта аз кумандонхои сархур "кахрамонхои милли" сохт. Баъзе аз адибонро  маризи махалгарои водор бисохт, то сихол ба даст гирифта бо Туркфронти Ислом Каримов бипайванданд. Вакте ки каллабурони Туркфронт саврари собики созмони адибони вилояти Кургонтеппа, шоир Пиримкул Сатториро аз
Пиримкул Саттори
хонааш берун бурда дар пахтазор парронданд, созмони адибони кишвар мухри хомуширо бар лаб зад, хатто напурсиданд ки оилаи шоир чи холе дорад. Адибон хаводрони асили Туркфронт бошанд ба мансабхои баланди давлати сазовор гаштанд, мансабхои хунине ки бахри онон чони дахо хазор инсонро курбон сохтанд. Дертар бисёре аз туркфронтчиёни каламбадасту Калашников дар кифт, ки дар катли омми миллати точик ширкат варзидаро ба сафи созмони адибон пазируфтанд (Устодон Айни, Лохути, Турсунзода… агар медонистанд, ки бо чи ашхосе ононро дар як саф гузоштаанд, аз кабр бармехостанд)  Пас аз ба сари кудрат омадани Туркфронт сафи созмони адибони Точикистон 5 маротиба афзуд, вале дар адабиёт номи наве пайдо нашуд. Бо Калашникову туркию зури махалгароию нафрат хушомадгую косалеси адабиёт хеч гох нуму нахохад кард. Адибони Туркфронт забони адабиро инкор бинмуда бо лахчаи хеш баромад мекунанду менависанд, нисбати дини мубини ислом нафрат доранду аз хуруфоти форси дар хазаранд, шогирдони Аскар Хаким, Мехмон Бахти, Низом Косим худ ба адабомузи ниёз доранд. Мактабе ки устод Айни бо ашрофзодагони точик созмон дода буд, дигар вучуд надорад. Адабиётшносони асилу дустдорони адаб дар сухбатхои махрамона адабиёти мазкурро адабиёти Туркфронт, адабиёти Калашниковдорон, адабиёти лакайхо… мехонанду асосгузори онро Хакназар Гоибро мехисобанд, зеро у аз рузхои нахустин дар сафи Бобои Санкак, Бобои Хайдар, Рустами Абдурахимов истода ба сари кудрат овардани Туркфронти Ислом Каримов хиссаи назаррасе гузошт. Адабиёте ки аз дардхои мардум хешро канор гирифта ба ситоиши сарварони кишвару туркфронтчиёни собик банд аст, гуё хабар надорад миллату кишвар дар чи ваъзи сангине карор дорад. Дар вохури бо президент пайваста масъалахои шахсии хешро мебардоранд, холи мухочирони бесохибу сарсону саргардон, бухронхои маънавию иктисодие, ки кишваро фаро гирифтааст ба ёди «адибон» намерасад. Точикистон ба кишвари адибону рухониёни дарбори табил ёфтааст, ки  бидуни  мадхиясароию хушомад ба масабдорон чизе аз дасташон намеояд.

    Як мадихиясарои дарбориро наздиконаш мегуянд, ки - амак, шумо хочи, поятон ба лаби гур расидааст, кучое ки як мачлисиу маърака хаст шумо хозиру нозир, шарм доред аз мардум, одамойе ки парвои халка надоранду корашон маишат, шумо  онхоро бо Сипетамену Сомонию Гафуров баробар мекунед. - Хукумат худаш моя даъват  мекунанд, ки - амак  як мехмони оликадр мебиёд, чорта таъриф кунед, ки  аз кори мо рози шуда равад. О  халки мо сода, инхо - яшан отамиз Ислом Абдулганиевич, гуфта ин кадар одам кушта сохиби мансаб шудан, баъд  халкба хизмат мекардаст - ми, дунёи дурузешба маишаташа карда мегирад…Яктеша чудо таъриф карда Сталинба баробар кардам, 500 доллар буроварда дод, о, ин дусола нафаки мо… Хари лулия об тею пулаша гир гуфтен…
  
Кургонтеппа. Нимпайкараи сарварони Фронти халки. Дар кишваре, ки бародаркуширо кахрамони мешуморнаду садои тавбаву надомат ба гуш намерасад, дар гумон аст, ки файзу баракат кадам ранча бифармояд. "Хокимяти конистутсиони" барои онки тарафдорони хокимияти Муросои миллиро пурра нобуду  салтанти хешро поянда созад артишхои Русия, Казокистон, Киргизистон, Узбекистонро вориди кишвар гардонд. Думаи давлати Русия ба 33 хазор сарбозоне ки дар чанги (1992 – 1997)Точикистон ширкат варзиданд унвонии иштирокчиёни чангро дод. Дар Казокистон сарбозони собик  даъво доранд ки хокимияти казок онхоро чун иштирокчииёни чанг эътироф кунад, рузе иштирокчёни чанг аз Узбекистону Киргизистон ба хокимиятхои хеш низ чун даъворо пешниход хоханд кард. Онхое ки дар кишвар ба Фронти халки пайваста ба катли омми хаммеханони пардохтанд низ даъво доранд, ки онхоро иштирокчиёни чанг бихонанд. Точиконе ки бо лашкарихои бегонаю бо узбеку лакаю арабхои махали пайваста ба нобуду  бародарони хешу горати манзилу тачовузи занону духтарон даст заданд кунун мехоханд онхоро кахрамон хонанд. Дар Маскав дар ресторане ба гурухи сарбозони рус, ки дар чанг бо чеченхо ширкат варзидаанд, полковники точик пайваст шуда ба ситоиши корнамоихои хеш мепардозад, ки тур у вовчикхоро нобуд сохта буд… Аз у мепурсанд, ки миллати вовчикхо чист? Посух медихад ки - точик. Мегуянд ки аз ин чо даф бишав, мо бо душманони худ чеченхо чангидему ту бошад бародарони худро кушти, мо бо бародаркушон хеч умумияте надорем…. 
    Вируси М дар муносибатхои оилави низ реша давондааст. Бисёрхо намегузоранд, ки фарзандонашон бо намояндаи ин ва ё он махал оила барпо кунанд, вале бо осони бо узбекхо, лакайхо, славянхо, туркхо, чинихо… хешу табор мегарданд. Агар Исроил кишвари сионистон бошад, пас Точикистони мо ба кишвари махалгароён табдил ёфтааст.   
Домод аз Чин. Чинихо на танхо замини баробари масохати Сигапуру Бахрайнро сохиб шуданд балки точиконро дар бозори кории кишвар танг карданд. Кунун зебосанамхои точикро низ сохиб мешаванд. Точикон рохи мухочиратро пеш мегиранд, то пайсае бахри оиладардоршави пайдо кунанд, кисме барнамегарданд, ё ба доми гуломдорон меафтанд, ё аз дасти миллатгароён кушта мешаванд, ё беному нишон мегарданд, ё ба славяндухтарон хонадор шуда дигар ёди ватанро  намекунанд. Духтарони зиёде дар кишвар бешавхар мемонанд. Сарфахои барзиёду бехуда тйудоронро ба вартаи карзхои миёншикан тела медихад, ки аз он начот ёфтан гайри имкон аст. Барои точик оиладор шудану мурдаро дафн кардан вазнинтарин харочот ба хисоб меравад. Конунуи ба низом овардани маъракахо амал намекунад, зеро худи хокимон онро поймол мекунанд. Кисми зиёди рухониён ин ваъзи сангини миллатро дида мухри хомуши бар лаб мезананду парастиши сарварони кишварро вазифаи аваллиндарачи хеш мехисобанд. Дар Чоркух (Исфара) туйхои арзонтарини дар Точикистон мегузарад, зеро рухониёну фаъолони деха пайваста туйдоронро зери назорат гирифтанд, то ба сарфакори рох надиханд.


      Мо на тахно ба маризи махалгарои гирифторем
Сулаймон Юдаков (1916 - 1990)
Агар дар Точикистон "хаммахлон"
медошт, шояд номи у ба боди
фаромуши дода намешуд
балки боз миллатгароем. Шахсиятхои зиёде аз миллати  рус, яхудиёни рус, яхудиёни бухорои, арманихо -  Обносов, Семёнов, Павловский, Брагинский, Юдаков, Бартолд, Кимёгаров, Баласанян,Тер-Осипов, Успенская ва дигарон бахри миллати мо хизматхои шоёне  карданд, афсус ки номашонро имруз бо неки ёд намекунем, вале ба номи хаммахалони хеш ки  бахри кишвар хизмате накарданду касе оноро намешиносад  хиёбону кучахо мактабу муассисахаоро мегузорем. Яхудии бухорои Сулаймон Юдаков бехтарини гимнро барои кишвари мо офарид ва он аз соли 1944 хар руз садои медихад, вале точикон хатто номи муаллифи гимнашонро  намедонанд.
      Бемори саратон (рак) аз он сар мезанад, ки  хучайрахо дар  бадани ягона мухторият ташкил кардани мешавад ва ягонаги бадан вайрон мегардаду он ногузир ба марг бурда мерасонад. Ваъзи рухи миллати мо бемории саратонро мемонад, зеро ягонаги вучуд  надорад.
      Дар як шахрчаи Сибир точикон пайваста зери фишори кафкозихою гуруххои чиноии махали буданд, муллое пайдо шуду точиконро мо намоядадаи ин ва он махал нестем, балки мусулмонему точикем гуён  муттахид сохт, сипас узбекхою киргизхоро дар атрофи точикон - мо як кавми мусулмон гуфта гирд овард, фавравн мавкеи кавмхои Осиёи Миена дар он шахрча тагир ёфт. Гузаштагони мо бо ин услуб  Осиёни Миёнаро идора мекарданд, то бегонагон бародарони мо: казоку киргизу туркману узбекро зидди  мо истифода набаранду ворид ин сарзамин нагарданд.

    Махалгароён душманонеанд ки аз дохил миллати моро ноаён нобуд менамоянд. Нафраташонро ба самти махалхои мухталиф равона сохта фазои кишварро захрогин месозанд, то ягонагии миллати точик ба амал наояд. Дехаи худро аз Самаркаду Бухоро кухантару лахчаи хешро аз забони ноби Рудаки волотар мехонанд. Хаммахалони хешро кахрамону дигаронро хоин мепиндоранд, намояндагони махали номакбулашонро фавран турк, ё гайриточик, ё номусулмон эълон мекунанд. Махалгароён чун турку мугул мекушанд хамаро  бо зури бозу хал бинмоянду  хамагон аз онон бихаросанд. Дар рафтор, гуфтор, либос… пайваста баромади махалиашонро зикр карда меистанд. Мепиндоранд ки Офаридгор ин кишварро махсус бахри онон офаридаасту дигарон дар ин чо мехмонони нохондаанд. Нафрат ба дигарон ононро чун  кирм аз дарун  мехурад ва чун каждум ба атрофиён пайваста неш мезананд. Танхо ба шарофати махалгарои онон метавонад сохиби мансабу маком гарданд, бахри мансабу хадафхои шахсиву махалашон  омодаанд ки ояндаи кишвару миллатро ба ихтёри боди фано бигузоранд. Махалгарои ин беморист - чи туре ки майзада бе шаробу нашъаманд бе нашъа зиста наметавонад, махалгаро низ агар рузе ба самти махале нафрин нафристаду ба ситоиши махали хеш напардозад - ором намеёбад.
     Махалгарои точиконро хандахараши оламиён бинмуд, зеро танхо дар Точикистон: колхозчи – призидент, рекетир – вазир, бензинфуруш – банкир, кисабур – генерал, тракторчи – «серый кардинал», чекист – муфти, одамкуш – «падари миллат» … шуда метавонад. Зеро зимомдорони ин кишвар зи фазои конунхои Илохи фарсахо берун рафта конуниятхои олами чиноию хадафхои махалиро дастури кори хеш карор доданд. Шогирдони Бобоби Сангаку Бобои Хайдар, Сафараливу Файзали бо тарзи давлатдориашон ончунон обуруйи точикро резониданд ки точики хору зорро бесохибу бепуштро имруз дар берун одам намехисобанд. Точики хоргашта мекушад, ки бо номи Хаёму Мавлоно обуруйи рехташро начот дихад, вале номи бузургон  хам  номи сиёхгаштаашро  сафед карда наметавонанд. Садсолахо лозим то зи бадномии зуран ба сари миллати бор шуда точик начот биёбад.

        Миллатгароёни ашаддие ки  дар Руссия хешро «руси асил» тарошидани мешаванд – хамагон яхудиёнад. Дар Узбекистон ононе ки хешро «узбеки асил»  мехисобанду бахри махви точику Точикистон камар бастаанд, худ точик ва ё иронии узбекшудаанд. Туркону мугулнаждодони  точикшудаи Точикистон худро «точики асил» хонда точикро ба кисмхо пора месозанду байни мардум  тухми махалгароиро мепошанд, то точик ба  ба миллати ягона табдил наёбад. 


    Точик сифати инсонро тавассути баромади  махал муаян мекунад. Точик дар мухити махалгароён арзи хасти менамояд, афкори махалгароёнраро ба хеш мечабад, чун махалгаро ба атрофаш менигараду чун махалгаро мезихаду бо афкори махалгароёна дунёро тарк месозад ва пеш аз маргаш ба наздиконаш хотирасон мекунад ки маро ба дар мазори фалон махал дафн накунед. Махалгароён мепиндоранд ки дар он дунё одамон низ ба бадахшонию кулобию сугдию гарми чудо мешаванд.   


      Дигар миллатхоро маводи мухаддир, шароб, фиску фучур ба самти нести барад, миллати моро  вируси М ноаён ба коми марг мекашад. Ягона рохи начот зери парчами Илохи гирд омад, зеро дар фосилаи хазор сол миллати моро аз бухронхои  мухталиф дини Илохи берун кашид. Бидуни ХУДОВАНД моро пушту панохе нест!
   Точик хангоме, ки бо ислом буд точдор гашт, на туркону на мугулон бо у коре карда натавонистанд, вакте ки исломро аз байн бурданд, дар фосилаи кутохе (70 сол) аз точику точаш ному нишоне намонд. Имруз хам мекушанд, бо хазору як бахона точикро аз ислом дур созанд, то точик ба асли хеш барнагардад ва рисолати асосии хеш пахнкунандаи дини исломро дар Осиёи Миёна ва дигар кишвархои собик шурави ба чой оварда (тахминан аз 7 то 17% имомонро дар масчидхои Русия точикон ташкил медиханд) натавонанд. Вакт нишон дод, ки танхо ислом неруи онро дорад, ки чомеаи моро дар атрофи дини Илохи гирд оварда аз маризихои мухталиф хусусан аз вируси М пок бисозад. Ононе, ки чанги тахмилиро дар Точикистон тахрези намуданд бештар ба гуруххое такя карданд, зи дини Илохи дар канор мондаанд. Вакте ки рухониёну шахсиятхои маъруф ба Сафарали Кенчаеву Сангак Сафаров борхо фахмонданд, ки рохи пеш гирифтаатон  хатосту он ба точикуши меанчомад, аз рохатон баргардед, харду пайваста чун тути суханони бегонагонро такрор мекарданд, "вахобиёнро бояд нест кард". Вакте ки  "вазифаашон"ро ба чой оварданд хардуро аз байн бардоштанд. 
Аморати Бухоро. Соли 1900
    Сентябри соли 1920 охирини давлати точикон дар Осиёи Миёна – Аморати Бухоро болшивекон нобуд сохтанд, дертар онро байни Точикстону Туркманистону Узбекистон пора сохтанд, соли 1992 абаркудратхо аз нав кушиданд, ки Точикистонро пора кунанд, вале муковимати шаддиди оппозисия ба ин монеъ шуд. Холо «дустони мо» ба хулосае омаданд силохи бехтарин бахри пора кардани Точикистон и вируси М аст, зеро ин амалёт нихоят арзон меафтад ва бо дасти худи точикон амали мешавад. Набарде, ки ба таёраву танку сарбоз ва харочоти моли ниёз надорад. Бисёре аз махалгароёни ашадди бо разведкахои хоричи робита доранд. Вакте ки генерал Мухаммадаёз Навчувонов ба намояндагони оппосисия гуфт, ки - аз Резвон хушёр бошед, зеро у одами ГРУ(разведкаи низоми) касе бовар накард. Лахзае ки ошкор гардид, ки Резвон  нияти нобуд  кардани рохбарияти оппоситсияро дар сар дорад, дарк намуданд, ки «хазрати» Резвон чи шахси «табарруке» будааст. Чанги дохилии Точикистон аз он огоз гардид, ки Кенчаев тавассути телевизион точикони бадахшонро тахкир кард, аз у талаб карданд, барояд  узр пурсад, то мардум пароканда шавад, вале у нахост аз одамони зиёда аз 46 шабу руз  зери барфу борон дар назди дари президент нишаста узр бипурсад.  У худро алакай дар курсии президенти медид, зеро «дустон» ин ваъдаро ба шахси вафодорашон бармахал дода буданд. Ва «дустон» Фронти халкиро махз барои ба сари кудрат овардани Кенчаев ташкил карданд.
        Яке аз махалгароёни ашшади, ки одами бовариноки хукумат ба хисоб мераваду зидди шимолиёну бадахшониён самаркандиёну бухориён баромадхои захрогин мекунад, бисёр вакт ногахон нопадид мешавад, дертар аён мегардад, ки «гамхори миллат» дар кишвари хамсоя дар чаласахои пантуркистон ширкат меварзидааст…
Идорахои чосусии шурави аз хама зиёд аз дохили точикон "мутахасисон" омода сохта буданд,  то онхо накшахои режими коммунистиро дар Афгонистону Ирону Покистону кишвархои араб пиёда созанд, зеро дин, забон, урфу одати точикон ба ин кишвархо наздик  аст...
   Зинда мондани миллати точик вобаста ба он аст, ки оё у дар хеш неруе меёбад, ки аз чанголи вируси М начот ёбад ва ё вируси М уро ба бойгони таърих меафканад. 


 Кадриддин Аслонов - охирин сарвари кишвар, ки бе найрангу зури ба сари кудрат омаду катраи хуне нарехта курсиро тарк кард. Пас аз онки вилояти Кургонтеппа ба маркази даргирихо табдил ёфт аз Аслонов хохиш карданд, то сарвари вилоятро бар душ гирад, зеро у дар ин вилоят ба воя расида дар он чо тачрибаи зиёди рохбариро дошт. Сохтори идоракуни пурра фалач гашта буд, вилоятро аз Тирмиз генерал Рустам Ахмедову аз Кургонтеппа (полки 191) подполковник Евгений Меркулов идора мекарданд. Дигарон дар ин ваъз хеч гох сарварии вилоятро ба душ намегирифт, вале Кадриддин Аслонов барои он ки Точикистон саросар ба коми оташ фуру наравад ба ин икдом даст зад. Пеш аз сафари охиринаш ки бо фочиааи дахшатангез анчомид, ба у хотиррасон карданд, ки минтакаи сафараш нихоят хафнок аст, наравад, вале у рафт… Субхи 25 октябри соли 1992 Сафарали Кенчаев бо лашкари Узбекистон вориди Душанбе гашта пойтахти Точикистонро гасб кард. Аз сарварони кишвар - Искандаров, Абдуллочов, Тураев дар пойитахт нишонае набуд. Вакте ки сарбозони оппозисия ба хучум гузаштанд кучаю гузаргохои зеризамини Душанбе аз часадхои чанговарони Ислом Каримов пур буд, сипас Искандаровро аз кадом мушхонае берун оварданд, вале аз ду нафар хамсафонаш нишоне набуд. Яке аз сабабхои ба ба вартаи хунин фуру рафтани Точикистон он буд, ки командахои Набиев, Дустов, Кенчаев ва Искандаров, Абдуллочонов, Тураев омода набуданд барои Точикистон чони хешро нисор созанд, хамагон дар андешаи хадафои шахси, авлоди, махалии худ буданд. Он лахзахо Точикистон тифли гирёну бесохиби дар чорсуи зиндаги мондаро мемонд.   

Сарнавишти точику Точикистон сарнавишти Кадриддин Аслоновро мемонад. Шахсе, ки истиклолияти Точикистонро эълон карду кушид, ки то дар кишвар сулх хукфармо бошад, вале хисси махалгароии точикон боло гирифту бо туркхо пайваста уро бо азобу шиканчахои зиёде куштанд. Имруз хатто касе намедонад, кабри касе ки истиклолияти Точикистонро эълон намуд дар кучост. Ва дар чашни истиклолият номи уро ба забон намегиранд.
Зинда мондани кишвари хурде 
бо номи Точикистон ба хар як точик
 вобаста аст. Механи чангзадаи мо ба 
мухаббати фарзандонаш ниёз дорад.
   Точикро дар дохили кишвару  берун аз он, хох дар Афгонистон, Ирон, Покистон, Хиндустон, Казокистон, Киргизистон  ва ё дигар гушахои дунё вохуред, хамагон мегуянд, гузаштагонашон  аёме  аз Бухоро ва ё Самарканд ба ин макон хичрат кардаанд. Мо хамагон фарзандони ин ду шахри бузурги ирониёни шаркием. Дили мо пайваста месузад, ки бо фиребу найранг  бо зурию турки Модаршахрхои моро зи мо рабуданд. Кунун мекушанд бо афзудани вируси М  моро ба хамдигар чун бегона нишон бидиханду бокимондаи миллати моро пароканда бисозанду ба бойгонии таърих биафкананд. 
   ХУДОВАНДО! Гунахои миллати моро бубахшу кумак бинмо, то кишвару миллати  азияткашидаи мо зи маризи махалгарои начот ёбад!
                                          
                                  
                                      Хабиб Саид марти 2011 Урали Чануби



Ҳабиб Саид зодаи Душанбест. Дар донишкадаи кишоварзӣ таҳсил кардааст. Ба сифати - кафшергар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радио фаъолият намудааст. Муаллифи китобҳои: "Одамсурате, ки субҳгохон пайдо мешавад"(1992 с.)  "Итальянец, тетя и Золушка"(2014 г.)  - мебошад  ва инчунин иштирокчии лоиҳаҳои зиёди адаби - интернети ба ҳисоб меравад. Ба забонҳои тоҷикию русӣ эҷод мекунад


 


                      
                    













  

1.     Шумо хангоме, ки бо точике во мехуред, мекушед пеш аз хама аз кучо будани уро муаян созед? Шумо дар сухбат бо атрофиён, пайваста кучои буданатонро такид карда меистед?
2.   Шумо атрофиёнро мачбур месозед, ки бо лахчаи шумо сухан ронанд? Вакте ки суханронии адабиро мешунавед асаби мегардед?
3.   Шумо мехохед, ки дар хамаи зинахои давлатдори хамшахриву хамдехагони шумо шинанд, гарчанде ки онхо ба ин мансабхо сазовор нестанд?
4.   Хангоме ки дар бораи махали дигар суханхо кабех ва ё масхаромез мегуянд оё шумо аз ин хурсанд мешавед?
5.    Дар нобаробарихои хеш, дехаи хеш, махали хеш… шумо дигар махалро гунахгор месозед?
6.   Ба точикони Афгонистон, Узбекистон, Киризистон, Чин… оё бо чашми бегона менигареду онхоро фавран афгон, узбек, турк, хитои мехонед?
7.    Агар шумо рохбар бошед, мекушед дар  атрофатон хамдехагон хешро гирд оварда  идораи давлатиро ба сафоратхонаи дехаатон табдил медихеду чаласахоро ба лахчаи дехаи хеш мебаред?
8.   Агар аз радио ва телевизион мусики махали дигар садо дихад, шумо асиби мегардеду фавран онро хомуш месозед?
9.   Агар хаммахали шумо нисбат ба миллату кишвар  хиёнат кардааст, шумо мекушед, ки уро сафед кунеду  аз у кахрамон тарошед, ба атрофиён собит месозед, ки аз макони шумо хеч гох хоинон намебароянд?
10.Хангоме, ки перомуни  махале сухан меронед лакаби тахкиромези онро (ин лакабхо дар озмоишгоххои КГБ тахрези шудаанд) ба забон мегиред?
11. Вакте ки шумо мегуед, ки «мо точикон…» шумо пеш аз хама минтакаи хешро дар назар доред ва ё хамаи точиконро?
12. Шумо дар гариби точикеро дучор мегардед, ки ба холи сангин афтодааст, шумо ба у дасти кумак дароз менамоед, зеро у намояндаи  махалли гайр аст?
13. Берун аз кишвар шумо хешро бо номи махалатон муариффи менамоед, ё худро назди бегонагон "горный таджик", "ариец" хонда   гуруххои дигари точикиро паст мезанед?
14.Агар правакаторе бигуяд, ки фалон хаммахали моро аз вазифа гирифтаанд, силох гиридеду ба мошинхо савор шавед… оё шумо дар амалёт ширкат меварзед?
15. Хангоме, ки дар интихобот ширкат меварзед, шуморо бештар баромади махали номзад ба худ чалб менамоед, ё сифатхои инсонии у?
16. Вакте ки  ягон наздикатон ба намояндаи махали дигар риштаи хешу табори пайваст шумо уро махкум мекунед?
17. Дар махале мехмон мегардед, урфу одаташ аз махали шумо тафовут дорад, фавран ба танкиди он махал мепардозед? Ё зуриатонро нишон дода чанг ташкил мекунед, то номи махалатонро дар хама чо бишинонед, ки будани шуморо хама бидонанд?
18. Точикеро, вомехуред, ки дар байни туркхо ва ё славянхо ба воя расидааст, ба забони точики бо душвори сухан меронад ва ё кариб намедонад ва дар симояш нишонахои ирки гайр хувайдост, шумо уро бегона хонда худро аз у канор мегиред, ё дар симои он бародари хешро мебинед?